Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

инро гирифта, бо он дарахти анори туршро об диҳанд, минбаъд анораш ширин мегардад. Агар наҳӯди хушкро як шабонарӯз дар он тар карда, баъд бихӯранд, оби маниро тавлид мекунад.

Вале хӯрдани индови саҳроӣ бинобар гарм будани мизоҷаш дарди сар мекунад, сарро чарх мезанонад, чашмро некашад ва торик мекунад. Дар ин ҳолат коснӣ, сирко, чилмангӯштак (семизут) бихӯранд, зарараш ислоҳ мегардад.

Индови саҳроӣ дар равон кардани пешоб ва барангехтани боҳ, инчунин дар боби ба ҳаракат овардани олати мардӣ назар ба индови бӯстонӣ қавитар аст. Инчунин шифоияти тухмаш аз барги он зиёдтар ва қавитар аст. Агар тухмашро бо оби гарм биёшоманд, балғамро бо қай дафъ мекунад; бо зардан тухми мурғи нимпухта бихӯранд, боҳ ва олати мардиро ба ҳаракат меоварад ва баданро фарбеҳ мекунад.

Онро кӯфта, ба доғҳои кунҷидак гузошта банданд, онҳоро аз пӯсти рӯй пок месозад; бо асал хамир карда гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва нуқтаҳои сафеди пӯстро дафъ мекунад; бо заҳраи гов хамир карда гузошта банданд, ноҳуни тарқидаро ислоҳ менамояд.

Вале агар инро бисёри хӯранд, хунро ба ҷӯш меоварад ва моддаҳои нодаркорро ба узвҳои заифшуда мерезонад. Дар ин ҳолат шири тозадӯшидаро биёшоманд, безарар мегардад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз индови бӯстоний то 17-18 грамм ва аз саҳроии он то 10-11 грамм аст.

Ранги тухми индови бӯстонӣ, ки зироат мекунанд, зарди тиратоб, яъне ҷигарӣ аст, бинобар ин инро индови сиёҳ меноманд. Таъмаш талх.

Мизоҷи тухми индови бӯстонӣ дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши тухми индов: 10,5 грамм тухми онро кӯфта, бо оби гарм биёшоманд, кулинҷ (колит)-ро дафъ мекунад, бодҳоро пароканда мегардонад, узвҳои даруни сина ва шушро аз моддаҳои нодаркори зарарнок пок месозад; барои дамкӯтаҳӣ, равон намудани ҳайз, газидани ҷонварони заҳрнок, гарм гардонидани меъда ва ҷигари сард, барангехтани иштиҳои таом ва қуввати пушти камар, хориҷ гардонидани ҳамаи кирмҳои шикам, берун овардани ҳамрохаки

пешина
аз 702
навбатӣ