Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ба он олонда, дар гӯш гузоранд, рими даруни гӯшро пок месозад.
Кӯфтаи анзарутро дар шири хар ё шири ҷавонзанон як шабонарӯз тар карда, баъд ба чашм кашанд, барои дарди чашм, часпидани пилҳо ва дафъ намудани назлаҳо, кӯтур ва шилпуқии чашм дору мешавад.
Чун анзарутро бо марворид ва марҷон сӯхта ва баробари ҳама наботро маҳин ос карда, якҷоя бипошанд, гули ба чашм афтодаро дафъ мекунад.
Чун даруни пиёсро кофта холӣ карда, он ковокиро аз анзарути сафед пур сохта, ба ахгари оташ ниҳанд, то он ки ба ҷӯш ояд, баъд онро дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.
Дастури ташвияи анзарут чунин аст. Бигиранд анзарути сафедро бо шири хар ё бо шири ҷавондухтарон хамир карда, ба шохҳои чӯби газ бичаспонанду дар танӯр, ки гармиаш мӯътадил бошад, биёвезанд, то он ки хушк ва андаке кабоб шавад. Агар онро бори дигар соида, бо андаке сафедаи тухми мурғ сиришта, аз нав ба чӯби газ часпонида, чун пешина кабоб намоянд, мизоҷаш ба мӯътадил наздиктар мегардад.
- Индов
Ин растанӣ навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Инро пештар тоҷикон дар аксар ноҳияҳо кишт мекарданд ва аз тухмаш равғани қиматбаҳо мекашиданд.
Алҳол фақат дар баъзе ҷойҳо мекоранд ва аз он равған ҳосил мекунанд.
Мизоҷи индови саҳроӣ дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст; мизоҷи бӯстониаш дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши гиёҳи он: хӯрдани гиёҳи индов гиреҳи ҷигар ва сипурзро мекушояд, дарунро пок мекунад, пешобро меронад, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, манӣ ҳосил мекунад, барои мубошарат қуввати ҳаракат мебахшад, бодҳои баданро таҳлил медиҳад, таомро ҳазм мегардонад.
Агар инро кӯфта, бо заҳраи гов хамир карда гузошта банданд, доғи захмро аз пӯст пок мекунад.
Агар онро ба дили наҳор бихӯранд, бадбӯии зери бағалро дафъ мекунад.
Яке аз хислатҳои он чунин аст, ки оби гиёҳи тари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё