Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
бахшидан кайф мекунад ва ба ҳолате қариб ба мастӣ меоварад.
Гули онро батанҳои ё бо барги тараш якҷо кӯфта гузошта банданд, обила ва сӯхтагии оташро дафъ мекунад — шифо мебахшад.
Агар либоси пахтагин ё либоси пашмин ва абрешимро, ки тор ӯ пудаш аз пахта бошад, бипӯшанд, баданро қувват мебахшад, гарм нигоҳ медорад, аъзои баданро хушк ва сахт мегардонад, инчунин барои бемориҳои вобаста ба ҳолати майна ва асаб, ки монандӣ: ларзак, сустӣ ва нотавонии аъзо, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), кузоз (столбняк) ва монанди инҳо форам ва мувофиқ аст. Дуди пахтаро дар бинӣ кашанд, зукомро дафъ мекунад.
Пахтаи наддофӣ кардашударо, яъне бечингитро то сиёҳ шуданаш сӯхта, яъне сӯхтаи онро ба ҳадди хокистар нарасонида гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, хоришро дафъ мекунад ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад. Пахтаро аз чигиташ ҷудо карда, даруни захмҳои чуқуррафтаро аз он пур намоянд, римашро аз чуқурии он мекашад ва захмро хушк карда сиҳат мебахшад. Пахтаро то орд барин маҳин гаштанаш кӯфта бипошанд, ҷароҳатҳоро хушк ва сиҳат мекунад. Агар аз ин кӯфта захмҳои кӯҳнаро пур кунанд, гӯшти ҳароми онҳоро мегудозад ва дафъ месозад, рими онҳоро низ аз ҷоҳои чуқур мекашад.
Пахтаро гарм карда, ба узвҳои дардманд ва варамҳои сард дар ҳар узве, ки бошанд, гузошта банданд ва муддате ҳамон тавр бигузоранд, инчунин ба хояҳои об фуромада ҳамин тавр гузошта банданд, дардро дафъ мекунад, варамро таҳлил медиҳад ва оби дар хояҳо фуромадаро пароканда мегардонад. Пахтаро кӯфта, гарм карда, ба рӯи барги гарм кардашудаи беданчир паҳн намуда, ба варами хоя гузошта банданд, онро таҳлил медиҳад. Чигити нав аз пахта ҷудо кардашударо кӯфта, андак занҷабили кӯфтагӣ ва об бар он пошида, гарм карда, чун фатила аз пахта созанду як сари онро ба озахҳои меҳшакл гузошта, сари дигари онро бисӯзонанд, ки гармӣ ва тезии он ба озахҳо расад, вале насӯзад ва то се рӯз ҳамин тавр доғ кунанд, озах нест мешавад.
Мағзи бепӯсти чигитро бихӯранд, узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим мекунад, сурфаро, ки аз гармӣ бошад, дафъ месозад. Агар инро бо дорчинӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё