Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
меёбанд. Ва баъд аз хӯрдани гӯшти он сиркои холис, обкома ва сиркои кавар бихӯранд, барои одамони гарммизоҳ сазовор аст. Ва одамони мизоҷи сарддошта, агар буғумҳояшон дардманд набушанд, бо мураббои занҷабил бихӯранд, безарар мегардад.
ДАВОҲОИ НАБОТӢ (РАСТАНӢ)
- Пахта
Ин зироати машҳур ва хеле қадим аст. Таърихаш ҳазорҳо солро дар бар мегирад. Ду навъ мебошад: яке пахтаи сафед медиҳад, ки ниҳолаш сершох мебошад ва дар ҳар шоҳе мувофиқи қуввати заминаш кӯсакҳо дорад, ки ин самараш қариб кулӯла мебошад. Дигаре бешоҳ, рост ва баланд мехезад, вале кӯсаки ин нисбатан майдатар ва дарозаки нӯгдор — нахҳон ин нисбатан маҳинтар ва дарозтар аст.
Одатан чигити инҳо кишта мешаванд, аз замин ниҳоли нав дубаргашавон бармеояд ва баъд баргҳои мукаррарӣ зоҳир намуда, бо мурури рӯзҳо шона мебандад, гул мекунад, кӯсак мегирад ва инак, он расида пахтааш мешукуфад. Дар ҷоҳои мо пахтаро ҳар сол як бор аз нав мекоранд, вале дар минтақаҳои гармо як бор коранд, ду сол ҳосил медиҳад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст; мизоҷи чигиташ дар дараҷаи дуввум гарм ва тар; мизоҷи гулаш гарм ва тар аст, ки илова бар ин боз хислати фараҳбахш ҳам дорад.
Хислатҳои шифобахши он: аз гулаш шароб тайёр мекунанд ба ин усул. 400 грамм гули тару тозаашро дар 1,6 килограмм оби борон ё оби муқаттар як шабонарӯз тар карда, баъд то сеяки об мондан бо оташи мулоим меҷӯшонанд. Пас хуб молида, аз матои бофташ зич гузаронида, соф менамоянду бо 800 грамм қанди сафед қивом месозанд. Дар лаҳзаҳои охири қивом 2,25 грамм заъфаронро ос карда, дохили он мекунанд. Аз ин таркиб ҳар рӯз як бор 70 грамм бо гулоб ё бо бедмишк ва ё бо арақи говзабон бихӯранд, дебонаи навро сиҳат мебахшад; васвос ва тапидани дил (дилбозӣ), ки аз гармӣ бошанд ва инчунин хафа (бӯғма) шудани гулӯҳои бачагонро ба ибро меоварад. Агар 25 грамми онро бинӯшанд, аз бисёр хӯрсанди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё