Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

говро гирифта, нағз биполоянд, ки тамоми маскаи он ҷудо гардад ва равған дар он асло намонад.
панҷ-шӯҳ соат бигузоранд, ки таъмаш хуш ва андак туршмаза гардад. Сонӣ хуб барҳам зананд, яъне бикованд, то он, ки обияташ дар худ омехта шавад. Пас нони тунукмайдаи холисро миқдори 35 грамм гирифта, реза карда, дар 105 грамм аз он дӯғ ҳамроҳ кунанду бигузоранд, то ба ҳам хуб омехта гардад, пас тановул намоянд. Ва агар аз ин ним миқдор зиёда хоҳанд ва эҳтиёҷ бештар бошад, ба ҳамин таносуб зиёда намоянд; рӯзи дуввум 17,5 грамм дӯғ бияфзоянд ва аз нон 3,5 грамм кам созанд ва инак, ҳамчунин ҳар рӯз 17,5 грамм дӯғро зиёда карда, аз нон 3,5 грамм кам намоянд, то он ки дӯғи холис бимонад ва одат ба он ҳосил гардад. Чун тарк намудан хоҳанд, баръакс амал кунанд, то ба миқдори рӯзи аввала бирасад.
Баъзе табибон аз нуқтаи назари камоли эҳтиёт гуфтанд, ки аз 35 грамм дӯғ ва 3,5 грамм нон бияфзоянд, то ки дӯғ ба 105 грамм расад ва агар зиёда аз 105 грамм хоҳанд, ба ҳамин таносуб зиёда намоянд ва ба тадриҷ кам гардонанд. Аммо касоне, ки ба дӯғ нӯшидан одат карда бошанд, ба ин тадбир мӯҳтоҷ нестанд, балки ҳамин риоят кифояти ҳазм ва ба он кас, ки ба таби бадбӯ гирифтор набушад, кифоя аст. Зеро ки дар вақти гирифтани таби бадбӯ нӯшидани ин ҷоиз нест, балки фақат гармии ҳаво ва риққат (суюкӣ) ва тезии модда, монандӣ таби рӯздармиёнгирандаи холис ва монанди ин бемориҳои дигар ошомиданро талаб мекунад. Он ҷое, ки бадбӯӣ дар ахлот (моддаҳо) мавҷуд бошад, бо курсии табошир (мағзи миёни най) тановул намоянд. Ва ҳангоме ки мизоҷи он мулоимкунандаи дарун бошад ва боз бар болояш давои мулоимкунанда бихӯранд, боиси заиф гаштани гурда мегардад.

Чун тухми чилмангӯштак (семизут)-ро кӯфта, се мартаба дӯғро ба он ҷаббонанду хушк кунанд. Баъд миқдори камеро аз он тухм биёшоманд, ташнагӣ ва хоҳиши об нӯшиданро то чанд рӯз дафъ мекунад — ин аз асрори дарвешон ва зоҳидон аст.

Зарараш: нӯшидани дӯғ ҳангоми гирифтани табҳои
бадбӯи ҳилтӣ (моддӣ) зарар дорад бинобар он, ки
бадбӯӣ ба зиёда гаштани иллат сабаб мешавад. Ислоҳи он дӯғи нӯшидаро қай намудан ва баъд ошомидани сиканҷабини (сиркоасали) биҳигӣ аст. Чун дӯғ
дар меъдаи сардмизоҷ турш гардад, чарх задани сар

пешина
аз 702
навбатӣ