Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

бибӯянд, атса оварад, беҳушӣ ва арақ меоварад, ақлро беҷо месозад, онро набояд истеъмол кард. Тадбири касе, ки онро хӯрда бошад, кай фармудан ва баъд аз он моҳии намакини шӯр хӯрда батакрор кай кардан аст, то ки меъда аз он асал пок гардад ва баъд аз он себи майхуш ва муруд тановул намоянд.

  1. Дӯғ

Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон аз ӯзбекӣ гирифта, айрон ҳам меноманд. Ин ҷӯғотест, ки дар зарфе бо андохтани андак об хоҳ бо чархҷӯб (пишкак,) хоҳ дар машке ҳаракат дода, маскаи онро гирифта, боқиашро монда бошанд — ин дӯғ аст. Беҳтаринаш он аст, ки тоза аз ҷӯғроти шири гов дӯр тайёр карда шуда бошад.

Мизоҷи ин дӯғ дар дараҷаи дуввум сард ва тар аст, вале тарӣ дар он назар ба хушкӣ зиёдтар мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бинӯшанд, ҷӯшиш ва фишори баланди хунро паст мегардонад, боҳи (пушти камари) одамони гарммизоҷро ба ҳаракат меоварад, иштиҳоро мекушояд, баданро фарбеҳ мекунад, шиддати таби диқ (лоғаркунанда), заҳрҳои гарммизоҷ ва ҳароратро хомӯш месозад; тафси меъда ва ҷигарро, ки сабабаш гармӣ бошад, басанда мегардонад, инчунин ташнагиро таскин медиҳад. Агар инро бо рими (дажғоли) оҳан ва итрифал (маъҷуни иборат аз ҳалила, балила ва омула) даромехта биёшоманд, меъдаро қувват мебахшад; агар оҳани тафсонро дар он сард карда ё сангрезаҳои тафсонро дар он сард карда, баъд он дӯғро бинӯшанд, исҳоли хунин ва сафровиро мебандад. Биринҷ ё орди ҷави тафсонидашударо дар дӯғ пухта бихӯранд, барои исҳоле, ки аз гармӣ бошад, бисёр даво ва ба он одам ғизои хубест ва инчунин барои фарбеҳ кардани бадан воситаи хубе мебошад.

Барои таби диқ 75 грамм дӯғро бо 45 грамм нони хушк ошомиданро раво медонанд ва аз ин зиёдашро ҷоиз намешуморанд.

Дастури ошомидан ҳангоми таб, қай ва бемориҳои гарм ва тез чунин аст: дӯғи нави ҷӯғроти шири

пешина
аз 702
навбатӣ