Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

муми занбӯр, яъне муми хонааш мутлақан набошад, чун онро бо ангушт бардоранд, тор бандад — ин навъаш барои давой беҳтар аст; баъд аз он сафеди наботрангаш бо сифатҳои номбурда бошад, мақом дорад. Барои лаззат ва ғизо асали баҳорӣ беҳтар аз тирамоҳӣ аст, вале зимистоннаш бадтарини навъҳои он мебошад. Агар таъмаш тунд ё тез гашта бошад, ё кӯҳна шуда, рангаш ба сиёҳӣ печида бувад ва таъми талҳӣ пайдо намуда бошад, зарарнок аст. Агар кӯҳнаи онро бисёр бихӯранд, девона мекунад.

Мизоҷи асали нав дар дараҷаи дуввум гарм ва дар якум хушк аст; аз шаш моҳ то як сол мондан он дар дараҷаи дуввум хушк мебошад. Баъзеаш, ки кӯҳна ва тундтаъм гашта бошад, мизоҷаш то дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст.

Асали хомро гармӣ, поккунандагӣ ва тезнаш зиёда мебошад дар давой. Асале, ки дар ҷӯшондан бо об, кафкашро гирифта бошанд, гармӣ, поккунандагӣ ва тундии он камтар аст барои ғизоӣ. Барои ба қивом овардани асал ба он об ҳамроҳ карда, бо оташи паст меҷӯшонанду кафкашро дур намуда, баъд аз оташ фуруд меоваранд — ин асали пок ҳисоб меёбад. Вале эҳтиёт намудан шарт аст, ки сахт наҷӯшад — агар сахт ҷӯшад, асал бинобар нозук будани таркибаш, месӯзад, талх мегардад. Ва агар об дохил накарда биҷӯшонанд, кафкаш ҷудо намегардад. Бояд ба ин ҷиҳатҳои кор риоя кунанд.

Хислатҳои шифобахши он: асалро бихӯранд, баданро аз моддаҳои зарарноки нодаркор пок месозад, гиреҳҳо ва даҳони рагҳоро мекушояд; балғами часпак ва рутубатҳоро нест менамояд ва инчунин онҳоро аз ҷойҳои чуқур ва дури бадан мекашад ва ҳамчунин моддаҳои нодаркорро аз майна хориҷ мекунад; суст ва нотавон шудани аъзо, истиско (водянка), зардпарвин, иллатҳои сипурз, душвории шошидан, бодҳои гуногун, иловус (дард ва варами рӯдаҳои борик) ва захҳои сардмизоҷро дафъ мегардонад; сангӣ гурда ва ҳичак (пешобдон)-ро майда карда мерезонад.

Корозмудагони ин асрор қайд намудаанд, ки ҳар кӣ иродаи шифо дошта бошад, бояд ки пагоҳӣ ба дили наҳор асалро бо оби борон даромехта бинӯшоманд.

Ҳаким Ҷолинус гуфтааст: «Ҳеҷ чиз беҳтар аз асал нест, дар нафъ аз барои бадан ва илоҷи аксари бемориҳо ва аз барои сириштани давоҳо». Зеро ки ба

пешина
аз 702
навбатӣ