Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

бимоланд, чӯшиши (пухтани) даҳани кӯдаконро шифо мебахшад.
Мӯи сарро кӯфта бипошанд, баромадани мақъадро (кӯтапро) ба ҷояш мебарад ва дигар намебарояд.
Кӯфтаи онро бо равғани гулисурх даромехта, дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад.
Мӯи сарро сӯхта, дудашро дар бинӣ бикашанд, саръро (припадкаро) ки сабабаш афтодани гиреҳ дар майна бошад, шифо мебахшад; ҳамаи ҷонварони зарарнок аз дуди он мегурезанд.
Агар онро занҳо аз таг бардоранд, турубати равон ва бисёрӣ бачадонро манъ ва хушк мекунад ва сарғи занонро шифо мебахшад.
Мӯи тифлонро пеш аз сахт шудан гирифта биёвезанд, барои иллати никрис, ки дард ва варами ангуштони дасту поҳо мебошад ва инчунин газидани каждум шифо мебахшад.
Тариқи сӯхтани мӯи сари одамӣ чунин аст. Мӯйро бо собун покиза шуста, шона карда, баъд хушк намуда, бо қайчӣ хуб реза карда, сонӣ дар рӯи порчаи сафол ё табақи сафол ва ё дар рӯи тунука ба оташ гузошта, бо дастае тагурӯ гардонанд, то ки қобили кӯфтан гардад.
Равғани мӯйро ба сар бимоланд, мӯй мерӯёнад ва инчунин ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш низ мӯйро мерӯёнад. Агар инро бимоланд, касонеро, ки аз ҳислати мардӣ маҳрум гашта бошанд, онро аз нав барқарор мекунад.
Тариқи ҳосил кардани равғани мӯи одамӣ чунин аст. Он мӯйро ҳар қадар, ки хоҳанд, бигиранд, бо собун покиза бишӯянд, хушк намоянду дар колба то гулӯгоҳаш пур кунанд ва дар он гулӯяш лиф ҷо намоянд. Ба колба гили бӯта бимоланд. Табақи оҳанӣ ё тунукаро аз миёнаҷояш сӯрох кунанд. Баъд даҳани он колбаро сарозер дар он сӯрохӣ гузоранд. Баъд бар боло ва атрофи он ангишт гузошта оташ зананд — аз ин ҳарорат равғани мӯй ҷудо шуда поён мечакад.

  1. Асал

Мурод аз асал гуфтан маҳсули ширинғами занбӯри асал дар назар дошта шудааст.
Беҳтарини он хушбӯй, қивомаш ғафс, таъм ва ширинриаш гуворо ва инчунин сурхранг бошад, ки дар он

пешина
аз 702
навбатӣ