Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
дарди сареро, ки аз хушкӣ бошад, таскин медиҳад; барои намнок кардани майна ва ҳангоми вайрон шудани мизоҷи он дору мешавад, девонагӣ ва бехобиро ба ибро меоварад. Агар бо оби шӯрбо ин хукна (клизма) кунанд, рӯдаҳо, гурдаҳо ва асабҳоро аз рутубат таъмин мекунад, қуввати боҳ мебахшад, варамҳои сахти ботиниро мулоим мегардонад.
- Маска
Беҳтарин ва сабуктарини онҳо маскаи гов аст, ки аз саршир гирифта бошанд.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Агар кӯҳна шавад, гармтар мегардад, вале тариаш мекоҳад.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани маска дарунро мулоим мекунад, реш ва моддаҳои нодаркори ҷамъшударо мепазонад ва барои хориҷ шудан муҳайё месозад, баданро фарбеҳ мегардонад, гиреҳҳои дар узвҳо пайдошударо мекушояд, дағалии ҳалқ ва роҳи нафасро ислоҳ мекунад, сурфаи хушкро ба ибро меоварад; варамҳои дохилӣ ва беруниро мегардонад ва моддаҳои нодаркорро аз бадан берун меронад; агар инро бо асал бихӯранд, варами пардаҳои даруни сина ва зарами шушро шифо мебахшад, моддаҳои нодаркори даруни синаро мепазонад ва барои дафъ шудан муҳайё месозад, инак, дафъ мекунад. Агар маскаро ба шакар бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад ва агар дар муддати ин тавр хӯрдан ҳам бар бадан бимоланд, суръати фарбеҳшавиро меафзояд. Агар инро бо мағзи бодоми талх бихӯранд, моддаҳои зиёдатӣ ва нодаркорро аз даруни шуш дафъ мегардонад. Маскаро бо шарбати гулисурх биёшоманд, феъли давои мусхилро (исхотоварро) қатъ мекунад; бо зардан тухми мурғи нимпухта ҳамроҳ карда бихӯранд, сӯзиши ахлотро ислоҳ мекунад.
70 грамм маскаро бо 35 грамм шакар бихӯранд, душвории шошиданро ислоҳ мекунад.
Маскаро бар бадан бимоланд, барои бадан ғизо мешавад ва ин гуна ғизо додани он бо воситаи ворид гаштан дар узвҳои ғизо нест, балки бо воситаи таъсир дар пӯсти бадан аст; молиданаш варамҳо ва варами баногӯш, каши рон ва даҳонро мепазонад; инчунин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё