Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
мекунад ва аз он рӯйдодҳои нохуш ба амал меоянд: борикии набз, сустии бадан ва беҳолӣ, пай дар пай беҳушшавӣ, хунукии дасту поҳо, гулӯгиршавӣ. Муолаҷаи ин монанди муолаҷаи шах шудани шир аст дар меъда, ки бо ошомидани панирмоя ислоҳ мегардад, хусусан 9 грамм панирмояро бо 25 грамм сиркои тунд ё ошомидани оби пудина бо сиканҷабини турҳ; нӯшидани обе, ки дар он тухми карафс ҷӯшонида шуда бошад, бо шахдоб (асалоб) аст.
- Мағзи сар
Ин майнаи ҳар ҳайвон аст.
Мизоҷаш хунук ва тар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: дерҳазм аст, қуввати таръёкӣ дорад. Агар инро бихӯранд, майнаро қувват мебахшад, манӣ пайдо мекунад.
Агар онро бимоланд, хушкии майнаро дафъ мекунад; иллати сарсомро, ки варами майна ва пардаҳои он аст, шифо мебахшад, кафидагиҳои пӯсти баданро сиҳат мекунад.
Вале хӯрдани майна ба меъда зарар дорад. Дар ин ҳолат наъноъ, сирко ва ҳамчунин нонхӯришҳои турш бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд.
- Калла
Ин калла ва мағзи сари ҳайвонот аст. Беҳтарини он калла ва мағзи сари гӯсфанди ҷавон ва фарбеҳ мебошад.
Мизоҷи каллаҳои ҳайвонот нисбат ба дигар қисмҳои бадани онҳо хунуктар ва тариаш зиёдтар аст. Ин вобаста ба кадом ҳайвон тааллуқ буданаш дар кайфият (гармӣ, сардӣ, тарӣ, хушкӣ) гуногун мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти калла, агарчи ғизояташ бисёр аст, вале дерҳазм мебошад. Инро одамони заифмизоҷи маҳалҳои серрутубат ва гармозор набояд хӯранд, ки аз фоидаи он зарараш зиёдтар мегардад. Аз болои гӯшти калла асло ангур нахӯранд, ки зарар дорад.
Агар сар ё почаи барра ё почаи гӯсфандро дар об ҷӯшонида, он обро ба сар кам-кам ва бардавом бирезанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё