Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Гӯшти хушки онро ҳар рӯз 0,6 грамм то се рӯз пайдарҳам бихӯранд, доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад.
Хуни хушккардан онро бимоланд, бавосирро шифо мебахшад.
Парашро сӯхта бимоланд, мӯйро мерӯёнад.
- Фоҳтак
Ин парандаест машҳур, ки ғуррак ҳам меноманд, аз мусича калонтар ва аз кабутари саҳроӣ майдатар, зери гарданаш тавқҳои холмонанд дорад ва рӯи болҳояш ҳам пурхол аст.
Мизоҷаш дар охири дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Беҳтаринаш ҷавон ва фарбеҳи он мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро муҳарро пухта бихӯранд, барои иллатҳои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), ларзак, караҳтӣ ва дигар бемориҳои сарди асабонӣ дору мебошад; бодҳои ғализро таҳлил медиҳад, гиреҳҳои дар бадан ба амаломадаро мекушояд.
Хуни онро ҳангоми нав кушта шудан гармогарм, хусусан хуни боли онро бичаконанд, гули чашмро дафъ мекунад.
Саргинашро бо сирко хамир сохта, гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад ва инчунин онҳоро мепазонағ; доғи кунҷидакро аз рухсора дафъ мекунад.
Гӯшташро бардавом бихӯранд, бехобӣ меоварад, дер хазм мешавад, хусусан кабоби он. Ин навъ зарари он бо шакар хӯрдан ислоҳ меёбад. Агар дар равған пухта, бо сирко ва кашниз бихӯранд, безарар мегардад.
Саргинашро ба кӯдаке, ки вақти шаб дар хоб метарсида бошад, биёвезанд, дигар наметарсад.
Мор аз овози он мегурезанд, инчунин аз дудаш ҳам мор гурезон мешавад.
- Кабк
Ин парандаи машҳур аст.
Мизоҷаш гарм ва хушк дар дараҷаи дуввум мебошад, вале баъзеҳо инро дар гармиву сарди мӯътадил донистаанд. Фикри аввалааш дуруст аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё