Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Хислатҳои шифобахши он: гӯшти он латифтарини (сабукҳазмтарини) гӯштҳо мебошад, ғизояташ бисёр, зудҳазм ва аз хӯрдани он хуни солим пайдо мешавад.

Хӯрдани он ба фалич, қаҷ шудани рӯй, бемориҳои сарди вобаста ба майна, узвҳои даруни сина, дил, меъда, ҷигар ва ба дигар узвҳои даруни шикам ва сина шифо мебахшад; истисқо (водянка) ва бастагии дарунро ба ибро меоварад; боҳро зиёда мегардонад ва баданро фарбеҳ мекунад.

Вале хӯрдани ин ба одамони гармизоҷ, дар рӯзҳои гарми ҳаво, инчунин дар масканҳои гарм зарар дорад; бо шароби соф бихӯранд, дарди сар мекунад, баданро ба хориш меоварад. Давояш сиканҷабин ва туршиҳо хӯрдан аст, ки ислоҳи зарар намоянд.

4,5 грамм мағзи сарашро бо шароб биёшоманд, барои иллати зардпарвин даво мебошад.

2,25 грамм ҷигарашро гармогарм фурӯ баранд, саръро (припадкаро) шифо мебахшад.

Заҳраашро ба чашм кашанд, пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, инчунин торикии чашмро дафъ менамояд, шабкӯриро шифо мебахшад. Агар онро бо равғани зайтун баробарвазн сиришта, ба беруни чашм гузошта банданд, оби фуромадаро дар гавҳарак агар дар ибтидои ҳол бошад, дафъ мекунад. Агар онро бо марвориди сӯрохнокарда соида ва ба вазни он мушк дохил карда, ба чашм кашанд, гули чашм, неҳӯнак, пардаи дулмонанд, пардаи ториккунанда ва обравии чашмро шифо мебахшад.

Заҳраи кабкро ҳар моҳ як бор дар бинӣ бичаконанд ё хушкашро соида бирезанд, зеҳнро тез ва некӯ мегардонад, нисёнро (фаромӯшнотириро) кам ва чашмро тез мекунад.

Хуни онро хушк сохта, бо шишаи сафед махин ос карда, бо дарозмурч баробарвазн гирифта, бо асал сиришта, дар чашм кашанд, гули чашм ва кӯтури пилки чашмро дафъ мекунад.

Тухмашро бо сиркои ансул пухта бихӯранд, барои дарди шикам ва дур намудани дарди рӯдаҳо дору мебошад, вале бе сирко пухта бихӯранд, овозро соф ва равшан мегардонад, инчунин сурфаро дафъ мекунад. Агар хоми онро бо кундур ном шилме бихӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад.

пешина
аз 702
навбатӣ