Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
чун ба узвҳо, ки хун аз онҳо равон бошад, банданд, хунро бозмедорад.
Агар тортанак ба узве молида шавад, обила мекунад, хориш меоварад, маҷрӯҳ мегардонад. Бинобар ҳамин онро на ба дарун истеъмолаш раво ва на бар бадан молиданаш ҷоиз аст.
- Зоғ
Зоғ ду навъ аст: зоғи ало ва зоғи сиёҳ. Беҳтарини он бачааш мебошад.
Мизоҷаш умуман дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти ин барои одамони сардмизоҷ ва тармизоҷ, инчунин ба пирон форам аст, маниро зиёда мегардонад. Аз он ҳалиса тайёр карда, яъне бо гандуми куфта, намак ва равған муҳарро пухта бихӯранд, боҳро (пушти камарро) қувват мебахшад. Дар ин бобат бояд аввал гӯшти онро дар об ҷӯшонида, он обро рехта партоянду баъд бо сирко бипазанд, дар ин ҳолат барои одамони гарммизоҷ низ форам мегардад.
а) Зоғи ало. Беҳтарини он бачааш мебошад.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти ин дерҳазм аст, ғизояташ раддӣ, яъне ҳангоми хӯрдан бадӣ меоварад. Беҳтараш он аст, ки аз хӯрдани гӯшти он худдорӣ намоянд. Вале агар бихӯранд, боҳро қатъ мекунад. Ва агар чашмашро ба худ овезанд, бехобӣ меоварад.
б) Зоғи сиёҳ ва зоғча.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани гӯшти он дар бадан хуни солим пайдо мекунад, боҳро ба ҳаракат меоварад. Вале барои одамони гарммизоҷ зарарнок аст. Давои ин зарараш сирко хӯрдан аст.
Заҳраи ҳамаи навъҳои зоғ поккунанда ва тунд аст. Агар онро ба чашм кашанд, гули чашм ва нохунаки онро дафъ мекунад; бо заҳраи хурӯс ва асал даромехта, ба чашм кашанд, торикии чашмро ба ибро меоварад.
Саргини ҳамаи зоғон низ тунд аст ва поккунанда мебошад. Агар инро гузошта банданд, доғи сафеди пӯст ва песро шифо мебахшад ва дигар доғҳои пӯстро нест мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё