Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
гардад ва агар мумкин бошад, баъд зулук бичаспонанд. Баъд аз пур шудани он аз хун зулукро маҷбуран аз бадан ҷудо накунанд, балки бигузоранд, то аз хун пур шуда ва сер худ ба худ ҷудо гардад. Ё андак хокистар ё намак бар даҳони он бипошанд, ки бо ин тадбир худ ба худ ҷудо мегардад. Баъд ҷои даҳони газидаи онро дам ба дам бо порчаи карбоси кӯҳнаи мулоим пок намоянд, то хунаш аз рафтан бимонад.
Агар хун бисёр ояд, бо ин тадбир банд намегардад.
Дар ин маврид бо қадаре хокистар ва ғайра, ки манъкунандаи хун бошад, банд намоянд. Агар он мавзеъ ба сабаби расидани об ё ҳаво дард ва варам кунад ва бисёр ба хориш ояд, он ҷойро бо зардчӯбаи кӯфтагӣ ва бехтагӣ, ки дар латта баста бошанд, гармбанди намоянд ё зардчӯбаро бо об хамир карда, батакрор гузошта банданду аз об ва ҳавои хунук эҳтиёт намоянд.
Чун баъд аз ҷудо шудани зулук қадаре намак бар даҳони он бипошанд, ҳамаи хунҳои хӯрдаашро кай мекунад ва мемирад.
- Тортанак
Ин ҷонвар навъҳои бисёр дорад. Вале дар тиб он чӣ дар гӯшаҳои хонаҳо торҳо метанад ва хона месозад, дар назар дошта мешавад.
Мизоҷи ҳамаи навъҳои он сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: тортанаки калони бофтааш сафедро бо равғани зайтун даромехта, дар гӯш чаконанд, дардашро таскин медиҳад.
Тори танидаи тортанакро ба ҷароҳатҳое, ки хун аз онҳо ҷорӣ бошад, бигузоранд, хунро манъ мекунад ва ҷароҳатҳо низ ба ҳам оварда сиҳат мекунад.
Чун тори танидаи онро бо шилми пухтагини санавбар ба латтаи зағирпоягӣ молида, бар пешонӣ ва чаккаҳо сар бичаспонанд, таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. Инчунин танидаи тортанаки сафеди фарбехро дар пӯсте баста, ба сар ё ба бозу, ё ба гардани бемори таби рӯздармиёнгиранда банданд, табро дафъ мекунад.
Дар зери шиками тортанак ҳангоми бача додани он пардаи ғафсе мебошад, ки тухмҳояш дар он ҷой дода шудаанд. Чун бачаҳошон болиғ гарданд, аз он парда берун мераванд. Ҳамон пардаро бар бозуи бемори таби дурӯздармиёнгиранда бибанданд, табро дафъ мекунад;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё