Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
тоза мешинад ва дар ҳамон ҷо сокин гашта, афзоиш меёбад. Алокузанги калонро рӯи болҳояш хатҳои зард дорад. Дар тиб қисми калонаш истифода мешавад. Ин аз ҷинси ҷонварони заҳрнок аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст. Ба қавли баъзе табибон хушкиаш низ дар дараҷаи саввум аст.
Хислатҳои шифобахши он: бисёр тез, бадбӯ, решкунандаи пӯст ва аз заҳрҳои қаттол ҳисоб меёбад.
Агар инро сӯхта бихӯранд, сипурзро ба дараҷаи пок мекунад, ки ёфтанаш душвор мегардад; санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад; пешоб ва ҳайзро равон мекунад. Низ сӯхтаи онро бо шӯрбои гӯшти гов ё бо равғани зайтун бихӯранд, дар одамони саги девона газида хавфро дафъ мекунад — дар ин бобат беҳтарини давоҳост. Корозмоҳо мегӯянд, ки якҷоя бо пешоби он одам лаҳтакҳои хуни шахшуда дафъ мегардад, инчунин санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад.
Сӯхтани алокузанг ин тавр аст. Агар ба латта печонида, ба бухори сиркои ҷӯшон бидоранд, то он ки он бимирад — ин сӯхтаи алокузанг ҳисоб меёбад. Истеъмоли инро раво медонанд.
Сӯхтаи онро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, ноҳунаки чашмро дафъ менамояд. Инро бо сирко сиришта, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, мӯй меруёнад; ба доғҳои сафеди пӯст ва сафедини нохун гузошта банданд, шифо мебахшад; ба варамҳо банданд, онҳоро таҳлил медиҳад. Агар инро бо муми занбӯри асал ва равған даромехта, гузошта банданд, ноҳуни каҷ ё пӯсидаро афтонида, ба ҷояш ноҳуни солим меруёнад. Инро бо сирко хамир карда гузошта банданд, доғи сафеди пӯст, пес, шукуфаи пӯст, каждумгазида ва озахҳо — ҳамаашро шифо мебахшад.
Чун пойҳои онро ҳангоми зинда буданаш канда партофта, дар соя хушк карда, дар равғани бунафша бисоянд, баъд онро дар равғани зайтун то ғафс гаштанаш биҷӯшонанду инро нимгарм бичаконанд, гаронии гӯш ва дарди гӯшро ба ибро меоварад. Агар ин таркибро бимоланд, мӯи абрӯро меруёнад, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш низ бимоланд, мӯй мерӯёнад.
Чун навъи сиёҳи болҳояш нуқтаҳои сурх доштаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё