Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ба ман гӯед, ки дар он рӯзҳои сахту вазнини солҳои бистум мо ҷавонони бесавод чӣ кор мекардем?

– Маслиҳат мепурсидед, – сардори шӯъба аз соддагии Довуд хурсанд шуда, аз дил гузаронд, ки бо ин восита ягон чиз рӯёнида метавонад.

– Аз кӯ?

– Аз кӯ? – саволро такрор кард сардори идора. – Аз калонҳо.

– Дар он солҳои пурошӯб куҷо буданд ҳамон калонҳо? – писханд зад Довуд. – Амалдоруну сардорони маҳаллаву оқсоқолҳо аз думи амир гурехта буданд.

– Ягон илоҷи дигар меёфтед.

– Масалан?

– Масалан, аз домуллою шайху махсумҳо мепурсидед, – таваккалан гуфт сардори милиса.

– Пас аз ҳуҷум ба дараи Ниҳон аз мударрисе пурсидам, – Довуд вохӯрии худро бо мулло Шоим ба ёд овард.

– Чӣ ҷавоб дод? – бетоқат шуд сардор.

– Тавсия дод, ки ба тарафи зӯр гузарем.

– Зӯраш кӣ будааст?

– Маълум, кӣ буд, – Довуд қомат боло кард. – Зӯраш аскарони сурх буданд. Ба отряди Томин пайваста, дастаи Анварпошоро дар Балҷувон торумор кардем. Чун Бедимоғов дар огилу дар таги домани занҳо пинҳон нашудам, – як даста ҳуҷҷатҳоро болои мизи сардор партофта, собиқ ҷанговар аз дар баромад.

Довуд дар дами дар ҳайрон меистод. Занҳои ҳамсоя бе садо ба ҳавлӣ даромада, дар қафояш саф кашиданд. Се – чор кӯдаки кунҷков домони модарашонро дошта, ба ин марди

пешина
аз 164
навбатӣ