Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Ҳа, акнун фаҳмидам, ки сиёсати партия ба сардорон тааллуқ надоштааст, — писханд зад Довуд.
— Ту маро ба сиёсат омехта накун! — ба таҳдид гузашт раис. — Пагоҳ занат дар кори ферма бошад!
— Ҳамон вақте ки Зулфияи зулфқачаки химчамиёни шумо кор сар кунад, зани ман ҳам, албатта, ба говдӯшӣ мебарояд.
— Мебинем! — дастаи тозиёнаро сахт фишурда раис ба тарафи аспаш рафт.
— Мебинем!..
Довуд аз рӯи шоҳоби пахтазор парида, дар пешорӯяш котиби ташкилоти партиявии колхоз Ҳайдаровро дид. Ин ҷавони олуфта ҳамеша бо кулоҳу гарданбанду портфел мегашту дар кунҷи лабаш попироси «Беломорканал» дошт.
— Э, мебахшед, — сари роҳи обронро гирифт котиб. — Барои ҳалли ҳамон масъала назди шумо омадам.
— Борҳо ҷавоб гардондам, ки, — Довуд аз ҳузури котиби саркаш худро нороҳат ҳис кард, ба рӯяш туршӣ дамид, — доир ба ин масъала дигар даҳан накушоед.
— Ба ҳар ҳол, — Ҳайдаров портфелашро аз як даст ба дасти дигар гузаронд. — Илтимос, хуб андеша кунед. Иштирокчии ҷанг, собиқадори меҳнат, пешқадами истеҳсолот. Баъдан, мо ҳам нақша дорем...
— Вале саводи сиёсӣ надорам, — сухани ӯро бурид Довуд. — Дар ин масъала савод суст.
— Ҳеҷ гап не, — Ҳайдаров рух гирифт. — Ин камбудӣ бартарафшаванда. Шабона хонда савод мебароред. Ёрдам мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё