Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
– Апаи Мастон, шумо шафтолуву Майдагул, ту санҷид тайёр мекунед, – раис ба ҳар кадоми онҳо супориш дод.
– Дугонаҳо, акнун сӯҳбат тамом. Хезем. Вақт ғанимат аст.
Довудро ба идораи милиса ҷеғ заданд. Сардори кулутаи фарбеҳ ӯро хуш напазируфт.
– Хайр, чӣ кор мекунем?
– Сабаби даъват карданятонро нафаҳмидам, – Довуд ба саволи сардор бо савол ҷавоб гардонд.
– Ариза омадааст, – сардор бо ангуштони кӯтоҳи серпашмаш коғазеро тела дод.
– Дар чӣ бора?
– Гӯё ту, – сардор ангушти ишоратиашро ба пешонаяи Довуд расонд, – дар дастаи Анварпошо ба муқобили ҳокимияти советӣ ҷангида бошӣ.
Довуд сӯҳбати шабонаро ба ёд овард...
Бегоҳӣ Бедимогов дар назди ҳавлиаш аз асп фаромад. Ӯ гумон дошт, ки баробари диданаш Довуд хушомадгӯёна ба пешвозаш медавад. Вале деҳқон сар аз кор набардошт. Раис хеле интизор шуд. Оқибат маҷбур шуд, ки худаш лаҷоми аспро ба шохи тут овехта, ба ҳавлӣ дарояд. Аз пас шарфай пойро шунида, соҳиби хона даст аз кор боз дошту сардори хоҷагиро бо қавоки гирифта пешвоз гирифт.
– Мондаҳо! – раис баркасд овозашро баланд сар дод, то ки хуши Офтобро ба худ кашад.
– Ташаккур, – бо дили нохоҳам Довуд каландро ба замин гузошту мунтазир истод, ки меҳмони нохонда мақсади омаданашро баён намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё