Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
– Киро? – бобои Сайфиддин риши ғафсашро ба молидан даромада, чашмони обравашро нимпӯш карду аз дил гузаронд, – ланги Ҳалим, аллакай пояш лаби гӯр, кӯри Азамат базӯр роҳ мегарда. Ҳасани дароз ай ҷанг нимтана баргашт, ҷоғаҳӣ. Дар деҳа дига ягон мард намондай. Ай зано чӣ? То кай мардо райисӣ кунан? Як бор навбати занҳо ҳам шава. Ҳалима? Не! Ниҳоят бесавод. Не, намешава. Мосафар? Синну соли вай ай райисӣ кайҳо гузаштай. Офтоб? Ана, Офтоб гапи дига. Ҳам ботамкину ҳам камгап. Аз уҳдаи роҳбарӣ мебароя. Боз меган, ки мадрасаро хатм кардай.
– Ма як каса пешбарӣ мекунум, – охир фикрашро ба як ҷо ҷамъ кард пирамард. У тарафаш кори шумо.
Исоев асобагали бардоштаашро ба замин гузошту аз роҳгардӣ боз истод. Гарданашро тоб дода, саволомез ба бобои Сайфиддин нигарист.
– Офтоба райис интихоб кунем – чӣ? Занҳо ӯра гӯш мекунан. Мо ду – се нафар мӯйсафедо ӯра ҳурмат мекунем. Писарбачаҳо ба ҳисоб намераван.
Маҷлис зиёд давом накард. Занҳо зуд таклифи Исоевро тарафдорӣ намуданд. Бобои Сайфиддин аз кисаи челакаш мӯҳрро баровардӯ ба дасти Офтоб супурд. Исоев, ҳамин хеле ки бори вазнинро аз китф партофта бошад, бо табъи болида ҷониби аспаш равон гашт. Бо ёрии мӯйсафеди Сайфиддин худро болои зин гирифт. Акнун сари аспро ба тарафи роҳи калон гардондай буд, ки Офтоб бо шитоб омада хоҳиш кард.
– Муҳтарам котиб. Фармоед, ки ба мо даҳ кило пашм фиристанД.
– Барои чӣ? – ҳайрон шуд Исоев.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё