Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ ба яке аз онҳо такя карда, сайри насими пагоҳиро, ки бо мавҷҳои дилрабои кӯл дар часпу талош буд, тамошо дошт. Боди нармак алафҳоро сила мезад. Парандаҳо дар шохи дарахтони туту беду санҷид нағмасарой доштанд. Аз ҳар тараф майнаю кумрию сочу гунҷишкон парида меомаданд. Гоҳ дар ҳаво, гоҳ сар – сари буттаҳои сабз, гоҳ болои кӯл парвоз мекарданд.

Тамошои ин манзара лаҳзае ӯро ба дунёи хаёл бурд. Довуди ӯ дар сохтмони канали калони Фарғона мардонагӣ нишон медиҳад. Ин вақт дар пардаҳои гӯшаш садои ҷарангосии Назокат баланд шуд.

– Ту дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ? Зонуҳоятро ба оғӯш гирифта, аз пушти парандаҳо даҳонатро воз карда нишастаӣ? Ё аз рафтани шӯят ба Фарғона ғамгин шудаву гӯшаи танҳоӣ меҷӯӣ? Чиро интизориҳо мекашӣ? Биё бо мо ба кори саҳро. Бо занону духтарон дарду аламатро фаромӯш мекунӣ. Ҳеҷ набошад, нонатро меёбӣ. О, туро кӣ мехӯронад? Агар худат ғами ҷонатро нахӯрӣ, кӣ ғами туро мехӯрад? Ту тамошоро бас мекунӣ ё не? Ба кор баро, агар хоҳӣ, ки дегат дар ҷӯш бошад! Марҳамат, бинед, ки чӣ хел ӯ маро гӯш мекунад! Охир, ту аз ҷоят меҷӯмбӣ?

– Меҷӯмбам, азизаки ман, меҷӯмбам, – Офтоб бо лабҳанди нарм ҷавоб гардонд. – Дар чунин саҳарӣ нишастан дар кунҷи хона гуноҳ аст.

Назокат бо гӯшаи лабҳои ғафсаш хандиду миҷа назада гапашро давом дод.

– Ҳаминам ҷойи тамошо шуд – у! Ту манзараҳои зебои Сари Ҳосорро надидаӣ. Кӯҳҳои сарбафалак, қатортеппаҳои беохир, дашту даману адирҳои паҳновар, чашмаҳои ҷӯшону дарёчаҳои хурӯшон, майдонҳои фарохи лолазору

пешина
аз 164
навбатӣ