Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Илоҳим, ба дара афтида муриву бӯйи ҷасадат ба сад дара паҳн гардад. Духтарро ба ман супурда, хоҳиш карда буд, ки ба ҳеҷ куҷо набарояд. Воҳ, рӯям сиёҳ шуд! Амонатро нигоҳ дошта натавонистам. Гӯр пирӣ шавад! Каме ғанабам бурдааст...
Кампир оҳу воҳкунон ба хона даромад. Болои намад нишаста, воқеаҳои рӯйдодаро пеши назар овард. Амир гурехт. Кофирон омада истодаанд. Боз ин Анварпошои ошӯбгар баромадааст. Ба ғазо рафтани Довуд як балою ғайб задани Офтоб – наҳси дигар. Охирзамонаш ҳамин бошад? Ба хаёлаш чизе расид.
Шитобон аз ҷой хест. Байни лату путашро ба кофтан даромад. Аз даруни бастае дастпонаи аз модар меросмондаро ба остин заду ҷониби хонаи фолбин раҳсипор гашт.
— Ку, биё, бева, – кампири Саъба бо чашмони обраваш ӯро пешвоз гирифт. – Аз боло гузар.
Бибиоиша ба ҷойи нишондодаи фолбин гузашта ба шиква даромад.
— Ҳар гуна овозаҳо... ин қадар ҳодисаҳо, – Бибиоиша нафас рост кард.
— Боз чӣ гуна овозаҳо? – фолбин гумон кард, ки аз ҳама чиз бехабар аст.
— Гурогурези амир, омадани балчабекҳо, – сулфид кампири Бибиоиша. – Подшоҳи худамон кам буд, ки боз як Анварпошо ҷойи амирро гирифтанӣ.
— Хайр, баъд чӣ? – ҳайрон шуда кампири Саъба ба рӯи ҳамсолаш бо диққат зеҳн монда, мақсади ташриф оварданашро тахмин мекард. – Гирифтанӣ бошад, гирифтан гирад. Кори мо чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё