Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
бо кофирон ба газо медароянд. Худо ӯро аз ҳама балоҳо нигоҳ дор. Кош, сиҳату саломат зудтар баргашта меомад...
Савор нохост болои сараш пайдо шуд. Ҳамаи ин манзараи зебою рӯҳангези табиату ёди ёри меҳрубон дар як дам ба куҷое ғайб зад. Офтоб бо азоб қоматашро боло бардошт. Нусрат аз аспи таги обу арақмонда ҷаҳида, аз банди дасти хоҳараш дошт.
– Натарс. Омадам, ки туро назди падару модари беморам барам.
– Модарам бемор? – Офтоб ҷуръат карда, ба бародараш чашм дӯхт. – Падарам нотоб?
– Пас аз гурехтанат ҳар ду аз ғами ҷудоӣ бистарӣ шуданд.
Духтар дар хиҷолат монд. Маҳзунӣ ба якборагӣ ба чеҳраи зебояш мӯҳр зад, овозаш ларзид:
– Акоҷон, маро надавонед. Ҳар чӣ тезтар. Аз онҳо узр мепурсам.
– Аз қафои ман ба асп шин, – Нусрат бо як ҷаҳиш худро болои зин гирифту дасташро дароз кард. Офтоб пой болои пойи дар узангу будани бародараш гузошта, сабук ба сагрии асп нишасту аз миёни савор маҳкам дошт. Асп чорхез карду чанги заминро ба ҳаво бардошт.
Бибиоиша садои суми аспро шунида, саросема ба кӯча баромад. Саворонро дар хамгашти теппа дида, духтарро аз рӯймолаш шинохт. Зан аз қафои асп дастакзанон давид.
– Ҳой, истед! Истед, мегӯям! Охир, ман ба Довуд ваъда додаам. Ист...,– кампир ба санге пешпо хӯрда, болои роҳ парӯ афтид. Хок ба даҳону биниаш даромад. Вай атсазанон хесту бо ду даст ба тарафи савор дуо фиристод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё