Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ хел кори мо чӣ? – тарс дили кампири Бибиоишаро ором намегузошт. – О, мегӯянд, ки бо фирор кардани амир файзу баракат мепарад. Ба болои сӯхта – намакоб, пайи шуми кофирҳо.

– Инҳо нишонаҳои ба охир расидани дунёянд, – фолбин ангушти харобашро бардошт. – Шумо, бандагони ношукр, акнун барои гуноҳҳоятон ҷазои охиратро мебинед.

– Э – э, ин тавр нагӯе, – кампири Бибиоиша аз тарс ба чоки гиребонаш туф кард. – О, ман чӣ гуноҳ дорам? Ҳалолу пок зиндагӣ карда, мӯрчаро ҳам озор надодаам.

– Ман, туи беваи беимонро дар назар надорам, – чашмони фолбин нимпӯш шуданд. – Гунахкардаҳо ба ҳар тараф гурехтанд. Гумон мекунанд, ки аз ғазаби Худованд ҷон ба саломат мебаранд. Фаромӯш кардаанд, ки дар қаъри замин дароянд ҳам, шамшери Худо болои сарашон ялтос мезанад...

Кампири Бибиоиша Офтобро ба хотир овард. Пас, вай барои кадом гуноҳе гурехта будааст. Ҳамин хел духтари боодобӯ... Эҳ, одамро шинохта намешудааст.

– Биё ин гапҳоро мону..., – кампири Бибиоиша ба сари мақсад омад. Медонист, ки агар ҷоғи фолбин тафсад, аз як соат зиёд манаҳ мезанад, – ягон кӯрхат ё тӯморе бидеҳ, то аз ин фалокатҳо эмин бимонам.

– Хестӣ, ки хобӣ, – фолбин нофорам хандид. Овозаш дар кулбаи тангу торик даҳшатнок садо дод.– Даму дуои беқадр дар куҷо будааст?

– Ма, – Бибиоиша дастпонаро ба пеши пойи фолбин ҳаво дод, – ҳаминро гиру як каромот бикун.

Фолбин бо ҳарисии ҳайратовар дастпонаро гирифта, ба он нигоҳе ҳам накарда, ба тағи курпача заду чашм пӯшонда,

пешина
аз 164
навбатӣ