Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
– Ху – у – уш? – сардор сар аз табақи ош бардошт. Ӯ медонист, ки сарбозаш соҳиби рамаи беҳисоб мебошад. – Ин қадар бо шитоб? Чӣ арз дорӣ?
– Хуни падар дар гарданам, – овози Нусрат ларзид. – Хизматгори собиқам душмани хонадони ман мебошад. Ӯ аз сипоҳи Анварпошо гурехтааст. Имрӯз ӯро ногаҳон дар кӯча доштем.
– Қасос гирифтан мехоҳӣ? – сардор бо чашмони сурхи варамида бо диққат ба фидоиаш нигарист.
– Бале, тақсирам. – Ман ӯро дар ҷояш парронданӣ будаму Иноят розӣ нашуд. Иҷозати ҳазратам даркор будааст.
– Иноят дуруст мегӯяд, – сардор амали зердасташро тарафдорӣ кард. – Агар ҳар кадоми шумо бо хоҳиши дили худ рафтор намоед, чӣ мешавад? Дар ҳама кор интизом дар ҷойи аввал меистад. Акнун рав! Ман ба ту иҷозат медиҳам.
Нусрат таъзим карда, паснокӣ берун баромад. Аз дасти сарбозе тозиёнаро кашида гирифту дари амборхонаро кушод. Пой ба дарун гузоштан замон ба сари Довуд бо тозиёна фаровард.
– Офтоб куҷост? Ку Офтоб? Гап зан, гадои бехонумон!
Довуд ёрои муқобилият кардан надошт. Аз даҳону бинияш хун мерехт. Нусрат то монда шуданаш Довудро шиканҷа кард. Таги обу арақ аз дар баромаду ба сари посбон дод зад.
– Эҳтиёт шав! Боз гурехта наравад!
Лаҳзае пас Нусрат ба анборхона бандии навбатиро кашолакунон оварду дар паҳлуи Довуди беёд партофта рафт. Вақти аз дар баромадан ба гӯши дарбон чизе гуфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё