Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Қамчин дар як бари рӯйи Довуд хати сурх кашид. Довуд як тараф ҷаҳида бошад ҳам, аз иҳотаи чор савор баромада натавонист. Дастаи саворон ӯро печонда, қамчинкорӣ мекарданд. Махсусан, қаҳру ғазаби Нусрат ҳадду канор надошт.
– Мекушам! Ту, сағираи лаънатиро, мекушам! – Нусрат аз китф камонро кашида, Довуди ба хоку хун оғӯштаро ба нишон гирифт.
– Парондан гурехта намеравад, – ҷабрдидаро бо танаш паноҳ кард сардори даста. – Аввал ӯро назди қурбошӣ мебарем. Гиред, дастонашро бандед, дастаи мо ба чунинҳо эҳтиёҷ дорад.
Ҳарчанд ин фармон ба Нусрат писанд нашуда бошад ҳам, ӯ муқобилият карданро зарур надонист. Зуд аз дил гузаронд: «Ҳамин ки ба ҷойи ту маро сардор таъин карданд, баъд онаи зори туро нишон медиҳам!». Дарҳол ба хотир овард, ки аввал ҷойи зисти хоҳарашро муайян кардан лозим аст. Ду босмачӣ аз болои зин парида, дастони Довудро ба қафо тоб дода бастанд. Нусрат нӯги бандро ба тарафи онҳо ҳаво дод. Яке аз босмачиён чолокона бандро дар ҳаво дошта, ба гардани асир ҳалқа андохт. Нусрат аспро маҳмез зада, якбора ба чорхез даровард. Аз такони сахт Довуд ба шикам болои роҳ афтид. Асп тани захмини ӯро сӯйи қароргоҳи босмачиён мекашид.
Ба истгоҳи босмачиён расидан баробар Нусрат аз асп парида, Довудро кашолакунон ба анборхона дароварду дарро қуфл кард. Сӯйи манзили сардор давида, сари роҳ ду сарбозро бо ҷаҳл тела доду рост ба ҳуҷра даромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё