Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Як поси шаб гузашт. Ғалогулаву даву този басмачиён поён ёфт. Сукунати том атрофро ба коми худ фурӯ бурд.
Маҳбуси нав аз паҳлу ба паҳлу гашта, беист босмачиёнро дашном медод, ба ҳафт пушти онҳо лаънат хонда, аз Худо талаб дошт, ки ба сарашон балоҳои азимро ренонад. Аз қисмати талхи худ нолида, дар асир афтиданаш касеро гунаҳгор мешуморид. Аз куҷое ҷомаи кӯҳнаю даридаеро ёфта, ба таги сари Довуд гузошт. Бо латтапорае хуни даҳону биниашро тоза карда, ба лабаш об чаконд. Довуд ба ҳуш омада, чашмонашро кушод. Болои сар марди ношиносро дид, ки ба ӯ ғамхорӣ менамояд.
– Бечора. Аҳволат вазнин. Туро барои кадом гуноҳ ба ин ҷо оварданд?
Муносибати меҳрубононаю суҳбати самимонаи маҳбус дили Довудро гармӣ бахшид.
– Хоҳарашро дар рӯзи тӯй аз таги ҷодар дуздида бурдам. Барои ҳамин қасос гирифтан мехоҳад.
– О, ту Авази афсонавӣ будай, – ба ваҷд омад маҳбус. – Ана, ҷуръату ана, ҷасорат. Э, кандата зан!
– Кӣ будани Авазро намедонам, – Довуд ба зӯр сар бардошт. – Гапи маро бо диққат гӯш бидеҳ. Пагоҳ маро мепаронанд. Агар бо хости Худованди карим зинда монӣ, ба деҳаи Лолазори Ҳисор рафта, Офтоб ном занро ёфта, тамоми ҳодисаро нақл мекунӣ. Мегӯӣ, ки Довуд бо номи ту ҷон ба ҷаббор супурд.
– Э, ин тавр нагӯй, – маҳбус ба кафи даст арақи сарди пешонияи васеи Довудро пок кард. – Ҳамааш дар дасти Парвардигор. Пагоҳ мебинӣ, ки бо қудраташ наҷот меёбем. Ту, азизам, ба фикрам, хеле гуруснай. Чорае ҷуста, чизе ба даст орам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё