Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

суҳбати одамон ҳамроҳ нашуда, кунҷи майдонро гирифту ба дарахти тут такя зад.

Абдураҳимбою се меҳмон шитобон болои суфа баромаданд. Чеҳраҳо пур аз ташвиш, аз ранги рӯяшон пай бурдан мумкин буд, ки суҳбат тезу тунд мегузарад. Баробари даст бардоштани бой дами мардум ба дарун зад.

Мусулмонон! Ҳамаатон нағз медонед, ки аз дасти ғосибони сурҳ амирамон ба давлати ҳамсоя фирор карданд. Барои ҳимояи сарзамини амиралмӯъминин як бузургмарди сарсупурда – Анварпошо бори сангини муборизаро бо кофирон ба дӯш гирифтааст. Ҳоло бо камоли мамнуният суханро ба намояндаи ҷаноби олӣ – Сарвар – афандӣ медиҳам.

Марди хароби сиёҳи айнакии касалманд ду қадам ба пеш гузошт ва гулӯ афшонд. Овози борики нофорамаш болои сари мардум паҳн гашт.

Мӯъминон! Сарфармондеҳамон, илоҳо, умрашон дароз бод, ҷаноби Анварпошо, маро вакил фиристода, супориш доданд, ки ҷавонони ғаюру далерро барои мубориза бо кофирон даъват намоям. Ҳамроҳи ҷанобашон Абдураҳимбою домуллои деҳа Сафармахсум маслиҳат карда, рӯйхати ғозиёни дини исломро тартиб додем. Номи касе, ки дар рӯйхат афтидааст, дар ин ҷо Сарвар – афандӣ коғазро болои сар бардошта, ба издиҳом нишон дод, – ба сафи лашкари ҷаноби олӣ дохил мегардад.

Вакил як нафас рост карду ба тӯдаи одамон чашм давонд. Мардум бо чеҳраи гирифта ба суханронии сафири Анварпошо гӯш медод. Сарвар – афандӣ гарчанде худро аз нигоҳи газаболуди сокинони деҳа нороҳат ҳис карда бошад

пешина
аз 164
навбатӣ