Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳам, қоғазро ба айнаки дар рӯшноии офтоб ялақозсананда наздик оварда, аввалин номро ба забон овард:
– Довуди боғбон...

– 13 –

Лашкар ба дараи Ниҳон наздик мешуд. Ба назари сарбозон чунин менамуд, ки онҳо дастаи ғоратгари аскарони сурхро дар ин муҳориба торумор намуда, Саид Олимхонро аз сари нав ба тахт мешинонанд.

Сари лашкар ба тангии дара расидан баробар аз ду мусалсали дастии «Максимка» борони тир рехт. Гӯё қиёмат сар шуд. Пешсафон аз болои аспҳо сарозер меафтиданду ҷонварҳои бесоҳиб худро ба ҳар тараф мезаданд. Дар сафи пеш садоҳои нолаю фиғон бо ҳам мепечид. Пешравон аз ин даҳшат худро ба қафо кашидан мехостанду қафобудагони аз асли воқеа бехабар талоши ба пеш ҳаракат кардан доштанд.
Анварпошою наздиконаш ҳарчанд кӯшиш намуданд, ки дар саф низомро ҷорӣ кунанд, ба мақсад нарасиданд. Дар охир ҳамаро воҳима гирифту овоза паҳн шуд, ки кофирон онҳоро ҷоду карда, аз масофаи дур ба сарашон оташи сӯзон мерезанд. Сар шуд қафонишинии бетартибона.

Азбаски Довуд аз рӯзҳои аввали ҳуҷум бо дасту дили нохоҳам ба сипоҳи Анварпошо пайваста буд, яке аз нахустинҳо шуда роҳи Бойсунро пеш гирифт. Бегоҳӣ хастаю кӯфта ба шаҳр даромада, дари ҳавлии мулло Шоимро кӯфт.

– Ин сафар туро боз кадом шамол овард? – дарро ба
рӯяш кушод соҳиби хона. – Тӯйи Тошпӯлодро ба азо табдил
дода гурехтӣ. Нусрат бори аввал ба хонаи ман омада, дар
бораи Зайнаб ном духтаре пурсид. Ҷавоб додам, ки чунин
духтарро намешиносам. Маротибаи дуюм омада ҷойи

пешина
аз 164
навбатӣ