Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хонданНусрат аз гӯши Шараф гирифта, сахт тоб дод. Писарак ба дарди тоқатфарсо тоб наоварда, гиряро сар дод.
- Ман чӣ гуноҳ кардам?
- Бо асп савор шуда, куҷо рафтӣ? - фарёд зад Нусрат.
- Супориши киро иҷро кардӣ?
- Хоҳаратон илтимос карданд, ки мактубро ба дасти Довуд супорам, - гӯши дардмандашро молида гуфт Шараф.
- Дар нома чӣ навишта шуда буд? - Нусрат таҳдидкунон даст бардошт.
- Аз куҷо донам? - Шараф худро қафо кашид. - Вай дар рӯймолча печонида шуда буд. Баъд, ман савод надорам, ки онро хонам. Чизе гуфтанд, ҳамонро иҷро кардам.
- Боз чӣ?
- Хоҳаратон чанд рӯз аз қафоям гашта, зорию тавалло карданд. Аввал розӣ нашудам. Офтоб - апаам як танга доданд, аспро савор шудаму ба чарогоҳ тозондам.
- Ку ҳамон танга?
- Мана, - Шараф аз ҷайбаш тангаро баровардан замон Нусрат онро чанг зада ба кисааш андохт.
- Баъди он ҳодиса бо Довуд вохӯрдӣ?
- Не - е, - Шараф интизор буд, ки ин пурсишҳои Нусрат кай хотима меёбад.
Нусрат чанде ба писарча бо нафрат назар карду тоб хӯрда, тарафи хонааш равон гашт...
Довудро таъҷилан ба масҷиди деҳа чег заданд. Мардуми гирдомада дар интизори ҳозир шудани Абдураҳимбой байни худ пичир - пичир доштанд. Ӯ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё