Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Ку духтарат? — баробар дод заданд мардон.
— Дар таги ҷодар, — бо хотири ҷамъ ҷавоб гардонд зан. — Бо дугонааш.
— Гурехтааст! — мушт гиреҳ кард Тошпӯлод.
Марҳаматхон «воҳ» гӯён назди пойи шавҳраш афтид.
Маҳаллаи Саробро тагурӯ карданд. Маълум гардид, ки дар ин гузар духтаре бо номи Зайнаб набудааст. Тошпӯлод сала бар гардан худро пеши пойи дӯсташ ҳаво дод. Икромиддин аз шиддати ғазаб дар як ҷой истода наметавонист.
— Тошпӯлод, бигӯй, ки дар назди хешу табору мардуми маҳалла чӣ хел сар бардорам?
— Ман гунаҳкор, — Тошпӯлод бо сари хам меистод.
— Э — э — э, — бо ҷаҳл даст афшонд Икромиддин. — Духтарро бе назорат мондӣ.
Икромиддин бо хешу табораш тӯйро тарк кард. Тошпӯлоду Марҳаматхон аз шарму ҳаёву ғуссаву ғам ба бистари беморӣ афтиданд. Нусрат барои хароҷоти Икромиддинро пӯшонидан ба сари чарогоҳ асп давонд. Партов ӯро дидан замон ба шиква гузашт:
— Чанд рӯз боз аз Довуд дарак нест.
— Куҷо рафтанашро нагуфта буд? — Нусрат бохти набарду гурехтани хоҳарашро ба хотир оварда, якбора аз худ рафту ба сари чӯпонаш дод зад. — Рамаро партофта ба куҷо ғайб задааст?
— Кори таъҷилӣ дорам гуфта, рӯзи тӯйи хоҳаратон рафта буд, — аз тарси он ки хӯҷаин бо қамчин ба сараш назанад Партов худро як қадам ақиб кашид.
— Ҷойи рафтанашро нагуфт? — дар дили Нусрат шубҳа пайдо шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё