Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Не, нагуфт, — қадре далертар шуд Партов.
– Рама дар ҷояш? — хавотирии Нусрат ҳар лаҳза бештар мешуд.
– Аз ин ҷиҳат хотирҷамъ бошед, — бо мамнуният ҷавоб гардонд чӯпон. — Рама дар ҷояш. Гарчанде танҳо азоб мекашам.
– Боз чиро мушоҳида кардӣ? — Нусрат ҳис кард, ки хизматгораш аз кадом сирре огоҳ аст.
– Агар фаромӯш накунам, — Партов пешонӣ молид, ду моҳ пеш аз тӯй писарбачае бо аспи шумо ба чарогоҳ омада буд.
– Барои чӣ? — Нусрат синчакорона ба рӯйи даҳмарда нигарист.
– Ба Довуд аз номи кадом як мударрис мактуб овард.
– Ту он номаро бо чашмат дидӣ?
– Набошад — чӣ, — табассум чеҳраи нофорами Партовро қабеҳтар намуд. — Бо дастам доштам. Дар умрам бори якум қоғазро дидам. Ҳар дуямон, ки савод надоштем, номаро хонда натавонистем...
– Довуд чӣ кор кард? — Нусрат дағалона суханони хизматгорашро бурид.
– Довуд барои хондани мактуб ба шаҳр рафт. Назди одамони босавод.
Нусрат нақли модарашро дар бораи шунидани садои «До...» — ро ба хотир овард. Сипас бо як хез худро болои зин гирифту сари аспро ба қафо гардонда, ба чорхез даровард.
Пас аз рафтани Нусрат ба дили Партов алов афтид. Ба худ ҷойи нишаст намеёфт. Ба гуфте, барои бо Офтоб шинос шудан ҳанӯз амалеро ба иҷро нарасонда, аллакай ӯро ба

пешина
аз 164
навбатӣ