Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ба ман туҳфа даркор нест, холаҷон, – сабук эътироз кард Зайнаб. – Гӯед, ки чӣ гап шудааст?

– Сиёҳпичамарг, аз пагоҳӣ боз гиря дорад, – аз нав оби дида рехт модари арӯс. – «Тӯҳтабойро намегирам» гуфта, худро ба девонагӣ задааст. О, ман ба ӯ тармарг мефаҳмонам, ки шумо бо ҳамдигар гаҳворабахшед, аз тарафи дигар, аллакай тӯй сар шудааст, моро дар назди ҳамсояҳою дӯсту душман шармандаю шармсор карда истодааст, гӯш намекунад. Илоҳим, номаш аз ҷаҳон нест шавад!

– Дуои бад накунед, холаҷон, – духтар Марҳаматхонро ором карданӣ шуд. – Ҳозир ба ӯ ҳама гапро мефаҳмонам, – Зайнаб пардаи ҷодарро бардошт.

– Илоҳим, ту ҳам тӯй шавию ба шавҳар бароӣ! – даст ба дуо бардошт модар. – Худо туро аз куҷо овард?

Марҳаматхон аввал садои «До...» ва баъдан нидоҳои чалап-чалап бӯсидани духтаронро шунида, бо хотири ҷамъ ба берун баромад. Мулло ба қироати хутбаи никоҳ гузашта, аз вакил талаб кард, ки розигии арӯсро кафолат диҳад. Самад ба ҷодар наздик шуда, аввал ду-се бор пойҳояшро сахт-сахт ба замин кӯфта, овоз баровард.

– Офтобхон, духтарам. Ман тағоят Самад. Омадам, ки барои бастани никоҳ розигиатро гирам.

Аз пушти ҷодар овозе набаромад. Самад хоҳишашро такрор намуд. Хомӯшӣ ҳамоно ҳукмрон буд. Вакил пардаи ҷодарро бардошт. Либосҳои арӯсӣ парешон мехобиданд. Тирезаи ҳуҷра кушода буд.

Самад аввал дар тааҷҷуб монд. Сипас шитобон ба берун баромада, ба ҳама кунҷи ҳавлӣ сар халонд. Аз Офтоб дараке набуд. Язнаашро ба гӯшае чеғ зада, воқеаро нақл кард. Падару тағо ба сари модари арӯс давиданд.

пешина
аз 164
навбатӣ