Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Партов чакманро ба тан кашид. Миёнашро бо тасма баст. Ба дар наздик шуду тоб хӯрд.
– Рама дар ҷояш? Хӯҷаин пурсад чӣ гӯям?
– Хавотир нашав, – писханд зад Довуд.– Рама дар ҷояш!
– Дар ҷояш, – Партов кинояи ҳамкорашро нафаҳмид. – Ҳа – ха, дар ҷояш. Рафтам, ба хонаи бой...
Тӯй дар авҷ буд. Дар рӯйи ҳавлӣ ҳофизон бо суруду тарона хотири меҳмононро шод мегардониданд.
Вале ҳамаи ин шодию сурур ба дили Марҳаматхон ҷой намегирифт. Зеро аз пагоҳӣ арӯс гиря дорад. На зорӣ, на зӯрӣ, на зар Офтобро ором карда наметавонад. Бо ханҷар касро ба худ наздик шудан намемонад. Дами тези ханҷари яллақосиро дар гулӯяш монда, чашмонашро аз косахонаи сар бароварда, худро куштан мехоҳад. Модари бечора танҳо менолид.
– Оҳ, худоё, ин чӣ рӯзи сиёҳ аст, ки ба сарам омад? – навҳа дошт Марҳаматхон. – Чӣ кор кунам?
– Мумкин? – гуфтани духтари ношиноси қоматбаланди сару рӯй печонидаи дар даст тугундошта ӯро як қад паронд.
– Ту кистӣ? – Марҳаматхон байни синаҳои баландаш туф кард.
– Дугонами Офтобхон, – овози духтар паст баромад. – Номам Зайнаб. Аз деҳаи Сароб. Мо ҳар ду дар назди мударрис сабақ гирифтаем.
– Ҳа – а, – зан қадре ба худ омада, аз пойгаҳи дар оҳу воҳкунон хест. – Илоҳим, барака ёбӣ, духтарам. Илоҷе карда, дили дугонаатро гарм созӣ, як сару пойи қиммат тӯҳфа мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё