Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

писари Икромиддин гаҳворабахш кард. Ана, барои чӣ дар ҷашни Наврӯз Нусрат ба ту часпида буд!

Пирамард каме ба хаёл рафт.

– Аз мазмуни мактуб огоҳ нестам. Вале ҳушдорат мекунам. Эҳтиёт бош! Бо думи шер бозӣ накун! Ба онҳо зӯрат намерасад.

– Зинда бошем, мебинем, – пас аз хомӯшии тӯлонӣ гуфт Довуду хайрухуш кард...

– Мактуб дар бораи чӣ будааст? – Партов аз ҷилави асп қапид.

– Муллои мадраса хоҳиш кардааст, ки барои эҳтиёҷоти рӯзгораш пашм диҳем, – Довуд пойро аз узангу бароварду аз болои зин ба замин парид.

– Т – т – фу, – Партов оби даҳонашро ба рӯйи алаф ҳаво дод.

– Гумон кардам, ки нома аз Офтоб.

– Ақлатро хӯрдаӣ, – якбора сахт рафт Довуд. – Ӯро тамоман намешиносам. Барои чӣ мактуб менавиштааст? Агар ин гапу овозаҳо ба гӯши хӯҷаин расад, чӣ ҷавоб медиҳӣ?

– Хайр, дар омади гап гуфтам, – ҳамкасбашро ором карданӣ шуд Партов. – Якбора чун хас даргирифтӣ.

– Ин хел фикрҳои аҳмақонаро аз сар дур кун, – Довуд баҳсро дигар зарур надониста, ба хайма даромад.

Партов аз қафои вай бо шубҳа нигарист. Болои санг нишаста, ба фикр фурӯ рафт. Аз дил гузаронд, ки агар гапи ӯ рост бошад, пас барои ба даст овардани Офтобу иҷрои нияти падараш мебояд кӯшид. Бори аввал бо Офтоб вохӯрданашро ба ёд овард...

Падар аз дасти писарчаи даҳсолаш гирифта, назди ҳавлии Тошпӯлод овард. Бой ӯро дар дами дарвоза пешвоз гирифт.

пешина
аз 164
навбатӣ