Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳа, Маннон, субҳи барвақт ба тарафҳои мо? Рамаро ба кӣ монда омадӣ? Пас аз гурехтани Юлдош ба ту ёрдамчӣ кофта гаштам.

— Зану кӯдаконатро як – дурӯза ба чарогоҳ бурда, рамаро ба дасти онҳо супурдам.

— Аз уҳдаи нигоҳубин мебароянд? – абрӯ гиреҳ зад бой.
— Боз ягон ҳодиса нашавад.

— Дилро васеъ гиред, хӯҷаин, – дуқад шуда, таъзим кард Маннон.

— Арзатро гӯю аз паси кор шав! – бой аз бачаи дар бари сарҷӯпон истода чашм намеканд.

— Тақсир, ба ҳурмати Худо, – ба зорӣ даромад сарҷӯпон.– Зиндагӣ вазнин, Писарамро овардам, ки ба дастёрӣ қабул намоед.

— Ба ин восита аз як нонхӯр халос шуданиям гӯй,– пичинг партофт бой.

— Дигар илоҷ надорам, – Маннон бо умед дастонашро сӯйи соҳиби рама дароз кард. – Охир, дар хона боз ҳафт хӯранда дорам.

— Хайр, майлаш, – дили Тошпӯлод ба ҳоли Маннон сӯхт. – Аз пагоҳ ба кор барояд. Лекин, ту Маннон, аз ман музд талаб накун.

— Ҳаргиз, – розӣ шуд сарҷӯпон. – Фақат шикамаш сер бошаду танаш пӯшида.

–Ба ҳар ҳол боз як дастёр даркор аст. Имрӯз ё пагоҳ ҳатман ёрдамчӣ меёбам, – бой ба тарафи дарвоза тоб хӯрд.

Ҳамин вақт Офтоби сесола бо либосу рухсорачаҳои лолагунаш аз дар баромада, ҷониби падараш давид. Тошпӯлод ӯро сари даст бардошт.

– Оҳ, Офтобаки оламорои ман!

пешина
аз 164
навбатӣ