Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Афсӯс!..

Барвақт рафтед! Ман мондаму умеду орзую ҳавасҳои ширин. Чанд рӯзу ҳафтаю моҳ интизор будам, ки Яздони пок боз моро ба дидори ҳамдигар мерасонад, лекин афсӯс! Ночор мактуб навишта, аҳволи дили пуртуғёни худро тасвир кардам. Номаро бо писараки ҳамсоя фиристодам.

Довудҷон! Дониста монед, ки шуморо дӯст дошта, ба худ савганд хӯрдаам, ки хоҳ зиндаю хоҳ мурда бо шумояму чунин қасамро интизорам. Офтоби шумо».

Шодӣ аз нома сар бардошту ба Довуди карахтшуда назар кард. Ҷавонмард ҳоло ҳам дар осмони эҳсосот парвоз дошт. Бори аввал чунин суханони пурҳарорат ва саршор аз меҳру муҳаббатро мешунид. Акнун дарк намуд, ки дар олам калимаҳои ҷозибаноку сеҳрноке будаанд. Нахустин бор донист, ки дар дунё мӯъҷизае бо номи ишқ вуҷуд доштааст. Писарак оҳиста даст ба китфи паҳлавон расонд. Довуд як қад парид ва гӯё аз хоб бедор шуда бошад, даст ба рӯй кашид.

— Хонда тамом кардӣ?

— Кайҳо.

— Медонӣ, Шодиҷон, — Довуд наздиктар нишаст, — илтимос, як бори дигар хон...

Мулло Шоим ба хона даромад. Рӯйи Довуд танӯри тасфонро мемонд. Мӯйсафед назди паҳлавон чорзону зад.

— Тошпӯлоду Икромиддин солҳои зиёд бо ҳам дӯстанд. То таваллуди Офтоб Икромиддин барои мустаҳкам кардани риштаи хешу таборӣ аз Тошпӯлод хоҳиш карда буд, ки дар сурати духтар зоидани Марҳаматхон онҳо бояд куҷо шаванд. Аз рӯзи таваллуди Офтоб Тошпӯлод духтарашро ба

пешина
аз 164
навбатӣ