Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ман ҳалол гирифтам, ҳалол гирифтам...
    Маннон хост, ки ба сари Довуд мушт фарорад. Соҳиби рама хандакунон ӯро ба тарафи хайма кашид:
  • Дар ҳақиқат онҳо бо ҳам ошно шуданд.

Субҳ парда медарид, моҳи мунир роҳ ба паси қуллаҳо дошт, тобиши ситораи корвонкуш хира мегашт. Аз уфуқ шӯълае ба чашм мерасид.

Ҷашни наврӯзӣ дар майдони шаҳри Бойсун дар ин субҳи босафо бо набарди гӯштигирон оғоз ёфт. Ба ин зӯрозмоӣ аз ҳар гӯшаю канори водии Сурхондарё паҳлавонони номӣ омада буданд. Довуд бо иштиёқи махсус часпу талоши баҳодурони майдонро наззора дошт. Атрофро ҳар лаҳза садои қафкӯбӣ, нидоҳои хушҳолонаи тамошобинон паҳш мекард.

Рафта - рафта дар майдон ду тан - Тӯхтабойи қаршигию Ҷумъакули бойсунӣ монданд. Набарди ин ду паҳлавон ниҳоят бо шиддат мегузашт. Ногаҳон Тӯхтабой пайти муносиб ёфта, Ҷумъакулро ба тахтаи пушт хобонд. Нидоҳои афсӯсии мухлисон ба фалак печид. Мӯйсафеди дар паҳлуи Довуд нишаста аз банди дил оҳи бадард баровард.

  • Куҷо шуданд баҳодурони бо ору номуси бойсунӣ?
    Ҷавонмардро суханони пирамард ба нанг овард. Сардори маърака хоҳишмандонро барои қувваозмоӣ бо Тӯхтабой ба майдон даъват мекард. Ӯ сабук аз ҷой хеста, дар рӯ ба рӯи паҳлавон қомат афрохт. Сардори маърака аз ҷавони ношинос пурсид:

  • Кӣ гуфта эълон намоям?

  • Довуд, - ҷавон шармгинона номашро ба забон овард.

  • Довуд, Довуди бойсунӣ.

пешина
аз 164
навбатӣ