Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
— Маннон, ба ту шогирд овардам, — Тошпӯлод хушҳолона овоз бароварду Довудро аз асп фаровард.
— Ӯро ба сарам мезанам? — ба гӯр – гӯр даромад дахмарда. — Партов бас набуд, ки боз ин сагираи пойлучро овардед?
— Ношукрӣ накун, — ба насиҳат гузашт соҳиби рама. — Бачаҳо тез бо ҳам ошно мешаванд. Писаратро чег зан, ман онҳоро бо ҳам шиносонам.
Маннон ба тарафи писараш даст гардонду бо чеҳраи гирифта барои тайёр кардани дастурхон ба хайма даромад. Тошпӯлод низ аз қафои сарчӯпон раҳсипор гашт.
Партов назди Довуд омад. Ба назари озмоиш як бор дар гирдаш чарх зад. Баъд ҳамчун калонсол бартарии худро нишон додан хоста, бо китфаш ӯро андак тела дод.
— Гӯштӣ мегирем?
— Ягон бор гӯштӣ нагирифтаам, — Довуд аз ҷой наҷунбид.
— Ҳеҷ гап не, — Партов асояшро як сӯ ҳаво дода, ду дасташро мисли паҳлавонони ҳақиқӣ ба ҳаво бардошт. Довуд низ бо дасти рост аз китфи ҳариф гирифта, бо дасти дигар аз миёнаш дошт. Пойи чапашро сахт ба замин зер карда, бо пойи росташ ҳалук андохт. Партов мувозинатро гум карда, бо тахтапушт ба замин афтид. Ӯ дар тааҷҷуб монда, ба бохти худ бовар намекард. Аз ҷой парида хесту ин дафъа бо ғазаб ба рақиб ҳуҷум кард. Довуд аз китфи чапи Партов гирифта, ӯро боло бардошту чапасар ба замин партофт.
— Ту ҳаром гӯштӣ мегирӣ, — гӯён Партов ба занозанӣ гузашт.
Овози доду фарёдро шунида Тошпӯлоду Маннон аз хайма давида баромаданд. Довуд болои қафаси синаи Партов нишаста, ба сару рӯяш мушт мезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё