Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Гапамро нафаҳмидӣ?! — аз сари нав ба хашм омад падар. — Рав, рангу раҳмоната набинам!
— Онҳо савганд хӯрда буданд, — дар худ ҷуръат пайдо карда, дастамро сӯи ҷасадҳо дароз кардам.
— Савганд? — Холмат дасти бардоштаи падарамро дошт. — Чӣ хел савганд?
— Зиндаву мурдаашон бояд якҷоя бошад, — каме далертар овоз додам.
— Ту инро аз куҷо медонӣ? — сардори маҳалла ба рӯям бо диққат назар кард.
Воқеаро қисса кардам.
— Чӣ кор мекунем? — Холмат ба мулло Ибодулло нигарист.
— Шариат иҷозат намедиҳад, — мулло даст ба риши сафеди дарозаш бурд.
— Қасамашон чӣ мешавад?
— Барои онҳо чӣ фарқ дорад якҷоя бошанд ва ё ҷудо? — падар, ки худро аллакай хӯҷаи комилҳуқуқи замини ҳамсоя меҳисобид, баҳсро хотима доданӣ шуд.
— Охир, мо бояд васияти онҳоро ба ҷо орем, — Холмат теғ кашида, рост ба рӯйи падарам нигоҳ кард.
Ба мунозираи онҳо шахси муътабари деҳа муаллим Олимов ҳамроҳ шуд:
— Қисмати онҳо як шуд. Онҳоро як ҷо бояд ба хок супурд ва бо овози бурро ин шеъри Расул Ғамзатовро хонд:
Пир шуд ишқ, монд хун аз ҷӯш,
Ваҳ, чӣ сон ишқи пойдоре буд.
Ду тани ишқ кардашон ҳамтан,
Ду ҳаёте, ки якҷоя бирбуд.
Гӯр ковед ҳар дуро як ҷо,

пешина
аз 164
навбатӣ