Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Гулхарам куҷост? Канӣ, Гулхарам? — пеши чашмонам сиёҳӣ зада, ба чуқурии бетаге ғеҷида рафтам...

Болои кат дароз кашида фақат як фикр доштам. Наход Гулхарам тӯъмаи ин ҳодисаи фоҷиабори табиат гардида бошад? Аз рӯи маълумоти расмӣ он шаби мудҳиш касе наҷот наёфта будааст. Ана, барои чӣ Чорӣ – бобо аз ин ҳодисаи фоҷианок даҳон намекушодааст. Ҳа, воқеан мӯйсафед куҷо шуда бошад?..


Ба хона барои аёдат муаллими деҳа Ҳоҷӣ даромад. Пас аз аҳволпурсии муқаррарӣ аз ину он гап зада, нохост чизе ба ёдаш расид, ки хандаи борику нофорамашро сар дод.

— Э дар набудани ту чунин як ҳодисае рӯй дод, ки аз тамошояш қариб рӯдакан шавам.

— Чӣ хел воқеа? — бо дили нохоҳам мароқ зоҳир намудам.

— Ҳамон рӯзе, ки милиса Зикирро ба ҳабс гирифт, қарибии шом занҳои ҷӯгӣ дар назди хонаи фолбин ҷамъ омаданд. Ман подаи деҳаро аз назди хонаи ҷодугар мегузарондам. Ду зани Зикир дастак зада, ба тарафи хонаи фолбин меомаданд. Занҳои дигар ба онҳо ҳамроҳ шуданд. Чӣ ҳодисае мешуда бошад гӯён дар гӯшае пинҳон шудам.

Занҳои Зикир ба дар наздик шуда, бо овози баланд дод зада, ӯро ба берун даъват карданд. Дар остонаи дар духтари ҷодугар намоён шуд. Занҳо аз тарс аввал якчанд қадам қафо рафтанд. Баъд, духтарро гирд карда, ҳар кадомаш ба тарзи худ доду фарёд бардошта, сару гардан меҷумбонданд. Ҷӯгидухтар хомӯшона онҳоро тӯш мекард.

пешина
аз 164
навбатӣ