Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Акнун Чорӣ – бобо ҳар рӯз пайдо мешуд. Ва ман фақат саргузаштҳои аҷоибу ғароиби ӯро гӯш мекардам. Гоҳҳо аз кашмакашиҳои бузкашиаш гап мезаду гоҳҳо аз қувваозмоиҳои гӯштигириаш. Боз як моҳ гузашт. Ман мехестагӣ шудам. Бо ёрии Чорӣ – бобо ба назди тиреза омада, барфи беист боридаро тамошо мекардам.

Чорӣ – бобо дар суҳбати навбатӣ аз ман пурсид:
— Ту намата медонӣ?
— Чорӣ – бобо ҳазл карда истодай?
— Не, бе шӯхӣ гуптум.
— Албатта, медонам, — овозам ҳанӯз аз дур садо медод ва гӯё онро каси бегона ба забон меовард.
— Канӣ, бугӯ?
— Ман, Мардон валади Чақал, ҷавони биступанҷсола, муҷаррад..., — касеро тақлид мекардам.
— Дар куҷо кор мекунӣ?
— Ходими хурди илмӣ, қитъаи таҷрибавии Ёвон, деҳқони тоҷикон, гузари чӯғиҳо, фолбин, ҷодугар... Гул... Гулҳарам...

Чорӣ – бобо ба сӯи дар парид. Ба назарам намуд, ки ӯ дар ҳаво муаллақ парвоз дорад ва ҳеҷ гоҳ ба дар наздик намешавад. Як дам пас болои сарам табибон гирд омаданд. Яке набз месанҷиду дигаре пилки чашмонамро мекушод. Сардухтур фишори хунамро чен карду хоҳари шафқат сарамро бо меҳр сила дошт.
— Чорӣ – боборо ҷеғ занед, — оҳиста овоз баровардам.
— Ман ҳодисаи аз сарам гузаштаро пурра донистан мехоҳам.

Бо иҷозати сардухтур табиб дар рӯ ба рӯям нишаст. Чорӣ – бобо танҳо ба ӯ нигоҳ карда, нақлашро оғоз кард.

пешина
аз 164
навбатӣ