Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Эшон ба сӯям нигоҳи норозиёнаашро равон кард.
— Бале, писарам. Вале ин ду тоифа дар назди Худои мутаол гуноҳи азим содир кардаанд ва барои ин ҷояшон танҳо ҷаҳаннам муайян гардидааст.

— Чӣ гуноҳ бошад он? — мароқ зоҳир кардам.
— Ин ду қавм ба дини ҳазрати Муҳаммад Расули Оллоҳ имон наоварданд, — давраро ғолибона аз назар гузаронд эшон. — Шумӯ қабристони ҷӯгиҳоро дидаед? — эшон ба ҳозирин муроҷиат намуд.

— Н - не — е, — якчанд кас тарсомез овоз бароварданд.
— Не! — тасдиқ кард эшон. — Дар солҳои қаҳтию гуруснагӣ ҷӯгӣ ҷасади мурдаҳои худро мехӯрад.

— Ҷӯгиҳо яке аз қавмҳои ҳиндуҳо мебошанд ва онҳо мурдаҳои худро оташ мезананд, — эътироз кардам ман. — Вале солҳои охир ҳамаи онҳо дини исломро қабул карда, тоату ибодати шариати исломро ба ҷо меоранд.

— Касе оташ задани мурдаҳои онҳоро надидааст, — бо зарда гуфт эшон. — Ту дидагистӣ? Магар бо онҳо шишту хез дорӣ, ки ин қадар ҷӯгиҳоро ҳимоя мекунӣ?

— Тақсир, ин олим ба ҷӯгидухтари фолбин ошиқи шайдо шудааст, — луқма партофт мӯйсафеде.

Хонаро садои қаҳқаҳаҳои умум пахш кард. Ман бо ғазаб ба мӯйсафед нигаристан. Пирамардӣ қоки дароз аз тарс худро пушти марди ғӯлии ишкамкалон гирифт.

— Ҳазратам, агар ҷӯгӣ мусулмон шавад — чӣ? Дар ин сурат ҳам никоҳ бо вай манъ аст? — пас аз пасанда шудани хушҳолии одамон ба эшон савол додам.

— Не, мумкин нест, — қатъӣ ҷавоб гардонд эшон. — Кофирро мусулмон кардан мумкин аст, аммо ҷӯгию яҳудиро не.

пешина
аз 164
навбатӣ