Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Болои ин афтидани муфаттишро пеши назар оварда, ман ҳам ғайри хоҳиши худ ба хушҳолии духтар ҳамроҳ шудам.
Мо рӯ ба рӯи ҳамдигар истода механдидем. Дар ин шом мавҷи хандаи мо бо ҳам печида, ба атроф паҳн мегардид...
Вохӯриҳоямон давом дошт. Ман ба назди Гулҳарам меомадам. Чӯгидухтар хандон худро ба оғӯшам мепартофт ва мо роҳи талу теппаҳоро пеш мегирифтем. Табиист, ки сафарҳои шабонаи маро Чорӣ – бобо намеписандид ва ҳар бор маро маззаматомез гусел мекард.
Рӯзе пагоҳӣ Чорӣ – бобо ба ҳуҷраам сар халонда, ба ҷону ҳолам намонда, ба маъракае кашола карда бурд. Дар саргаҳи давра эшони Заробиддин менишаст. Аз ду бараш ду муридаш бо як кибру ғурури махсус ҷой гирифта буданд. Вақте ки табакҳои холиро бардошта бурданд, касе ба эшон оҳиста савол дод.
— Тақсир, оё бандаи мӯъмину мусулмон бо чӯгизан издивоҷ карда метавонад?
Ҳама гӯё маслиҳат карда бошанд ба тарафи ман гардан тофтанд. Ва ман акнун аз аспи мақсади Чорӣ – бобо воқиф гаштам. Бо ҷаҳл сӯяш нигаристам. Чорӣ – бобо кайҳо аз маърака ғайб зада буд. Эшон як сулфа карда, диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.
— Дар ҳадиси пайғамбар омадааст, ки агар шахсе бо чӯгӣ ва яҳудизан хонадорӣ кунад, ҳафт пушташ месӯзад ва ин амал яке аз гуноҳҳои азим ба шумор рафта, оқибаташ сангсор кардан аст. Муллое, ки хутбаи никоҳи ин одамонро мехонад, ҷояш дӯзах мебошад.
— Дар назди Парвардигор ҳама баробаранд, — тоқат накардам ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё