Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Милисаҳо духтара партофта, барои ёрӣ давидан. Ҷӯгиҳо мисли мӯрчаҳо меҷунбидан. Я бало када алова куштан. Маю Сафари Миров ҳамиқа вақт дар таи афтови қироғ монда, ай сармон ову арақ мерехт.

Чор — панҷ мӯйсафеди чӯгӣ муфаттиша я сӯ бурда, дуру дароз дар гӯшуш чизе пичир — пичир кадан. Муфаттиш бо ранги парида духтара ба ҳоли худуш монда, ба мошинуш шишт. Ма давида ай муфаттиш пурсидум:

— Ака, мо чӣ ко кунем?

— Гум ша ай назарум, — гуфта муфаттиш мошина ҳай када рафт.

Маю Сафари Миров чиқа ҷон доштем ба тарафи деҳа давидем...

Охири нақли ҷавонро гӯш накарда, саросема ба тарафи хонаи Гулҳрам давидам. Ҷӯгидухтар кунҷи хона нишаста, ба нуқтае чашм медӯхт. Ман беовоз дар паҳлӯяш нишастам. Фолбин оромона пурсид:

— Аз ҳодиса хабар дорӣ?

— Дар чойхонаи сари роҳ аз ҷавоне шунида ба ин тараф давидам.

Гулҳарам дасти ба сари китфаш гузоштаи маро меҳрубонона сила карда гуфт:

— Ҳамаи ин макру тадбирҳои Зикир мебошад, — ва пас ин шеърро хонд:

«Дар ин гулшан, ки рангаш рехтаанд аз гуфтугӯ Бедил, Шуниданҳост диданҳову диданҳо шуниданҳост».

Ва беихтиёр хандид. Хандааш ҷарангосӣ, бозавқ ва самимӣ баромад. Аввал бо ҳайрат ба ӯ нигаристам. Хандаи софӯ зангӯласони ҷавониаш ба ман ҳам таъсир намуд.

пешина
аз 164
навбатӣ