Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
китобе дошт. Сараввал гумон кардан мумкин буд, ки вай чӯгидухтар набуда, муаллимаи мактаб мебошад. Чашмони калон — калони шаҳлояш басо ҳайратовар дурахшон буданд. Қади навниҳол ва мӯйҳои дубофташ ҳусни ӯро тобиши махсус медод.
Духтар ё ба ман эътибор надод ё вонамуд кард, ки маро надидааст, ё ба даробурои одамон кайҳо одат карда буд, ки гузашта дар болои кӯрпача нишаста, лаб ба сухан кушод:
— Ҳӯш, хизмат?
Овози духтар маҳин бошад ҳам, дар он оҳанги омирона ва қатъияти махсус ҳис карда мешуд, аммо на ба он тарзе, ки ба иззати нафси шахс расад. Ман дар рӯ ба рӯяш нишастам ва аз симои зебояш чашм намекандам. Ҳеҷ боварам намеомад, ки дар байни чӯгиён чунин духтари нозанин мавҷуд бошад. Аз нигоҳи ман ҳолати духтар тағйир наёфт. Ба фикрам ӯ кайҳо ба чунин нигоҳҳо одат карда буд.
— Ман шуморо гӯш мекунам.
Ба худ омадам. Тарзи суханронӣ ва талаффузи забонаш ба гапзании чӯгиён шабоҳат надошт. Чӯгӣ одатан басо тез ва овози «о» — ро кашол дода гап мезанад.
— Илтимос, маро фол кушоед.
Духтар синчакорона ба ман нигарист. Ба нигоҳи озмоишкоронаи фолбин базӯр тоб овардам.
— Шумо барои фол дидан наомадаед. Ҳисси кунҷковӣ шуморо ба ин ҷо овардааст.
— Не, бе шӯхӣ. Ман кайҳо мехостам, ки худро фол кушоям.
— Шумо — ку ба фолкушой бовар надоред.
— Дар ҳақиқат ҳамин тавр, — суханашро тасдиқ кардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё