Зеҳн
Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

лозим нест. Танӯра гарм карда як – ду соат биншин. Ман ба ту ҳайрон. Сухани шавҳаратро пушти сар карда, ба фиреби ҷодугар бовар мекунӣ.

Модарам баҳс накард. Лекин аз қиёфааш маълум буд, ки чизе гуфтан мехост. Фолбин аз куҷо номи ваю шавҳарашро донист. Чанд сола будану чанд фарзанд доштани онҳо ба фолбин аз куҷо аён гашт. Ва дар охир туморе, ки аз таги чаптара пайдо кард, барои ӯ муамморо мемонд.

Макру фиреби ҷӯгизанро хеле дер фаҳмидам. Дар вақти муайянкардаи фолбин, албатта, модарам соҳиби духтарҷаи заркокул нашуд. Он гоҳ вай маҷбур шуд, ки аз рӯи маслиҳати шавҳараш амал кунад. Ва дере нагузашта ман хоҳарчадор шудам...


Қарор додам, ки бо ҳар воситае набошад, бо фолбин вохӯрам.

Бегоҳӣ қариби ғуруби офтоб дари хонаи ҷӯгизанро кӯфтам. Касе овоз надод. Дарро кушода, ба даруни хона даромадам. Тозагии хона маро ба тааҷҷуб овард. Аз афташ ин хонаи қабул буд. Ба бари девор кӯрпачаҳои пурнақшунигор густурда, қолини калон партофта буданд. Дар муқобили дари даромад ҷойи нишаст. Маълум, ки шахси аз дар ворид шуда, дар рӯ ба рӯи фолбин менишаст. Ҷоҷо болиштҳои гулдӯзӣ гузошта, давриҳои калони гулдор хонаро оро медоданд. Дигар ҳеҷ чиз ба назар намерасид.

Ғарқи тамошо шуда надонистам, ки чӣ тавр дари паҳлӯи беовоз кушода шуда, дар остона духтари зебочеҳрае пайдо шуд. Сару либосаш ба танаш шинам буд, дар даст

пешина
аз 164
навбатӣ