Се сарнавишт

Китоб аз се ҳикоя ё қисса иборат буда, роҷеъ ба сарнавишти одамон ва воқеаҳои гуногуни ҳаёт ҳикоят мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тавассути тасвири тақдири қаҳрамонон баррасӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 164 саҳифа
Ними саф аз қатор ҷудо шуд. Афсар ба тарафи силоҳбадастон ишора кард. Ба сари асирон борони тир рехт. Чӣ даҳшате! Фозил ҳеҷ бовар намекард, ки инсон то ин ҳад бераҳм мешудааст. Боқимондаҳоро пешандоз карда, ба таги сарои болопӯшидае оварданд, ки бо симхор иҳота шуда буд. Бисёриҳо сарлучу пойбараҳна буданд. Баъзе сарбозон ба ярадорон ғамхорӣ зоҳир мекарданд. Онҳо яке аз даст, дигаре аз по, сеюмӣ аз китф, чорумӣ аз сар тир хӯрда буданд ва нолишкунон гӯё дарди худро сабук мекарданд.
Асиронро се рӯз дар ҳавои кушод нигоҳ доштанд. Рӯзи нахустини маҳбусӣ касе дод зад:
— Бо ҳам чафс шавед, то ки аз сардӣ намирем.
Шабу рӯзҳо бо сад азоб мегузашт. Сардию бемадорӣ мисли кана дар бадан часпида буд. Болои ҳамаи ин гуруснагӣ. Ҳар пагоҳӣ асиронро ба зарби кундоқи автомат мехезонданд. Фозил ҳар субҳ медид, ки чандин нафар болои барф дароз кашидаанду дигар онҳоро ҳеҷ қудрате ба по рост карда наметавонад. Ба ҷуз сури Исрофил.
Рӯзи чилум ду сарбози немис мизи дароз ва сеюминаш курсие бардошта оварда, дар байни майдон гузоштанд. Обер — лейтенант бо виқор ба курсӣ нишаста бо даст ишорае кард. Сарбозе ба як гӯшаи миз буҳанкаи хлебро гузошт. Дар гӯшаи дигари миз ҷасади яхкардаеро бардошта монда буданд. Афсар бо нафрат ба рӯи сармозадаю аз гуруснагӣ беҳол гаштаи асирон нигарист:
— «Шайтонҳои сурх» амри маро шунавед! Касе хоҳад, ки зинда монад ба тарафи нон гузарад. Нафаре, ки ба фармони ман итоат намекунад, тақдираш ин гуна аст, — гуфта бо нишончӯб ҷасадро нишон дод. — Ба шумо, бехудоҳо, панҷ дақиқа вақт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё