Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

Соли 1957 дар мавзеи Гармчашма табобатгоҳ сохта шуд, ки он ба оби маъдании худ дардмандонро дармон мебахшид. Гармчашма соли 1970 50 кати ҳамешагии (статсионарии) табобатӣ дошт.

Оби гарми шифобахш аз чашмаҳо тавассути милҳо ба хонаи дорои тагораҳо (ваннаҳо) — и обӣ ҷорӣ шуда меояд. Ҳарорати оби тагораҳо то ба 37 – 38°С мефарояд, сониян онро эҳтиётҷмандон истифода мебаранд. Дар натиҷаи хунук шудани он газҳои H2S ва CO2 проканда шуда, хосияти табобатии обро коҳиш медиҳад. Бинобарон беморон метавонанд дар ҳавзҳои назди баромадгоҳи чашмаҳо оби шифобахшро дар шакли табиӣ истифода баранд.

Беморони гирифтори дерматоз (касалии пӯст) метавонанд тагораи оби умумибаданӣ ва ё қисми бадан қабул намоянд. Пеш аз қабули тагораи обӣ ҳатман таом хӯрдан шарт аст, вагарна чархзании сарро ба амал оварда метавонад. Тоғари обро ҳар шабонарӯз як маротиба қабул мекунанд, вале пас аз 5 – 6 рӯз як шабонарӯз дам гирифтан лозим аст.

Қабули тагораи обиро аз 5 – 7 дақиқа сар карда то ба 10 – 15 дақиқа расонидан талаб карда мешавад.

Псориаз бемории пӯстест, ки сабабҳои пайдоиши он ҳанӯз то ба охир ҳалли худро наёфтааст, метавонад якчанд сол давом кунад. Агар бемор 2 - 3 сол табобатро паси ҳам қабул кунад, саломатиаш хуб мешавад.

Экзема (шукуфа) бемории бештар паҳншудаи хориш мебошад. Ин бемориро низ тавассути оби шифобахши Гармчашма табобат кардан имконпазир мебошад.

пешина
аз 93
навбатӣ