Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа
Д.Л.Патина, А.И.Волкова (с.1999), Д.Халифаев, М.Ҳоҷиматов (с.2002) ва оиди тарғибу ташвиқ ва истифодаи оқилонаи ин кӯлҳо Ҳ.Очилов, Ҳ.Аброров (с.1995, 2003), Ҳ.Аброров (с.2003, 2015), Ҳ.Аброров, О.Ризоева (с.2014, 2015, 2017) ва чанде дигарон саҳм гирифтаанд.
Сарфи назар аз он ки доир ба кӯлҳои алоҳидаи шифобахш ва ё паҳлуҳои ҷудогонаи чунин кӯлҳо мақолаҳо ва ё китобчаҳои хурд нашр шуда бошад, ҳам то ба имрӯз асари ҷамъбасткунанда, ки паҳлуҳои мухталифи онҳоро фаро мегирифта бошад, таълиф нашудааст. Аз ин лиҳоз ин китоб кӯшишест доир ба фароҳам овардани маводи пароканда ва хулосаҳои аввалин дар ин ҷода мебошад.
Номукаммал омӯхта шудани кӯлҳои шифобахши кишвар боиси бенизом, ноӯҳдабароёна, нооқилонаю ғайрисамаранок ба роҳ мондани истифодаи онҳо гардидааст. Нисбати онҳо дилсӯзии кофӣ зоҳир карда намешавад, ҳамчун молу маводи бесоҳиб ба яғмо мераванд, талаф меёбанд, аз назари масъулон дур мондаанд, дар бораи ҳолати имрӯзу фардои ин неъматҳои нодир ва саломатии насли оянда бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд.
Доир ба кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон дар байни сокинони маҳалҳои гуногун ривоят ва ҳадисҳои хурофотӣ паҳн шуда, пайдоиш ва хосиятҳои давоии онҳоро ба қувваҳои ғайб ва ба хоҷагон вобаста менамоянд, вале дар асл хосияти муолиҷавии онҳо ба таркиби кимиёвӣ, хосиятҳои физикӣ ва ҷамбаъҳои биологии онҳо вобаста мебошад, асрори ниҳонӣ вуҷуд надорад. Илмҳои табиатшиносӣ ва тиббӣ сиҳру асрори онҳоро бо далелҳои қотеъ равшан намудаанд, ки дар ҷараёни мутолиаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё