Зеҳн
Асрори кӯлҳои шифобахш

Китоби мазкур ба асрори кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он оид ба гилҳои шифобахши кӯлҳо ва чашмаҳои давой маълумоти мушаххас пешниҳод мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 93 саҳифа

ИлмСаломатӣЭкология
Аз аввал хондан

Гилдаворо барои бемориҳои аъзоҳои такяву ҳаракат (сутунмӯҳра, буғумдард, мушакҳо), ҷарроҳату осебҳои дершифоёбанда, бемории аз зарбу лати системаи марказии асаб пайдошуда, асабҳои канорӣ, бемориҳои хоси занонаю мардона, иллати меъдаю рӯда, баъзе вайрониҳои рагҳои хунгард, тавсия медиҳанд ва истифода бурда мешаванд.

Дар фаъолияти амалии курорту шифохонаҳои Тоҷикистон бештар лойқаи кӯли Оқсукон (ноҳияи Ашт), кӯли Танобчӣ (ноҳияи Темурмалик) ва ғайра истифода мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои гилдаво ҳанӯз бисёранд, вале онҳо ба таври мукаммал омӯхта нашудаанд, доир ба нишондиҳандаҳои сифатию миқдории онҳо баҳои саҳеҳу сазовор дода нашудаанд, дар заминаи онҳо муассисаҳои табобатӣ хеле каманд.
Баҳри татқиқи асрори кӯлҳои шифобахш бояд дар байни геологҳо, географҳо, табибон, биологҳо, иқтисодшиносон ва курортологҳо ҳамкории мустаҳкам ба роҳ монда шавад, дар заминаи гилҳои шифобахш муассисаҳои табобатиро афзун гардонанд, то ин ки давоҷӯён ба хориҷи мамлакат камтар ташриф оваранд, дар маҳалҳои наздики худ табобат гиранд, бо қудрату қувваи нав баҳри рушди устувори кишвари азизи худ — Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми шоиста гузоранд.

Дар омӯзиши кӯлҳои шифобахши Тоҷикистон
Ю.М.Голубкова, А.Я.Петросян (с.1928), В.А.Серебряков, К.Я.Белкина (с.1957), Б.А.Бедер, Н.М.Чуршина
(с.1976), Р.Б.Баротов, В.П.Новиков (с.1988), А.И.Дзенс-
Литовский (с.1966) А.А.Малсев, Фоменко (с.1965),
В.Мадумаров (с.1974), И.И.Исмоилов (с.1988),
А.О.Орифов, Ш.Ш.Деникаев (с.2005), Д.Н.Поҷоҷонов,

пешина
аз 93
навбатӣ